Имрӯз 7 апрели соли 2025 дар толори электронии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Суди Олӣ як чорабинии муҳим баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш, кормандон ва мутахассисони соҳа бо мақсади таҳкими дониш ва такмили малакаҳои касбӣ ҷамъ омаданд.
Чорабинӣ бо иштироки намояндагони Агентии Иноватсия баргузор гардида, дар ҷараёни он омӯзиши назариявӣ ва амалӣ барои ду гурӯҳ аз 15 нафар ба роҳ монда шуд. Мутахассисон тарзи кор бо ҳуҷҷатҳои электронӣ шарҳ дода, ба иштирокдорон усулҳои самараноки истифодаи имконоти рақамиро таълим доданд.
Толори электронӣ ҳамчун макони муосири омӯзиш ва табодули таҷриба имкон дод, ки равандҳои судӣ бо усулҳои инноватсионӣ мавриди таҳлил қарор гиранд. Дар ҷараёни чорабинӣ, иштирокдорон бо технологияи нав шинос шуда, малакаи худро дар истифодаи барномаҳо такмил доданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо барои рушди касбӣ ва таҳкими иқтидори кормандон ниҳоят муҳим буда, нақши муҳиме дар беҳтарсозии раванди кор бо ҳуҷҷатҳои электрониро дорад.
Мо бовар дорем, ки ин тадбирҳо ба пешбурди фаъолияти судӣ ва татбиқи адолати судӣ мусоидат мекунанд ва минбаъд низ чунин омӯзишҳо идома хоҳанд ёфт.