Имрӯз, 23 апрели соли 2025, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П. ва судяҳои Суди Олӣ Азиззода З.Н. ва Ҳафиззода Т.Ҷ. дар ҷаласаи XX-и раисони судҳои олии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Ҳанчжоу (Чин) ширкат варзиданд.
Таъкид гардид, ки ин ҷаласа ба як минбари бонуфуз барои мубодилаи таҷриба, баррасии масоили муҳими адолати судӣ ва тақвияти эътимоди байни ниҳодҳои судии кишварҳои узви СҲШ табдил ёфтааст. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар шароити таҳдидҳои ҷаҳонӣ, ҳамкории судҳои кишварҳои узв аҳамияти бештар пайдо мекунад.
Дар ҷаласа масоили муҳими марбут ба идоракунии амнияти киберӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, нақши судҳо дар пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо, ҳифзи ҳуқуқи ноболиғон ва мубориза бо ҷиноятҳои зӯроварӣ ва терроризм баррасӣ шуданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа, иштирокчиён изҳори боварӣ карданд, ки тавофуқоти ҳосилшуда ва пешниҳодҳои матраҳгардида ба таҳкими ҳамкории судӣ байни кишварҳои узви СҲШ мусоидат хоҳанд кард. Ҳамчунин, изҳор гардид, ки ҷаласаи XXI-и раисони судҳои олии кишварҳои узви СҲШ дар соли 2026 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешавад.