Санаи 21-23 майи соли 2025, дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 тасдиқ шудааст, сабти барномаи телевизионии “Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Мавзӯи барномаи навбатии “Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба яке аз масъалаҳои муҳими ҳуқуқи гражданӣ — руёнидани маблағи қарз, фоизҳо ва ҷарима аз молу мулки ба гарав гузошташуда — бахшида шуда буд. Дар раванди мурофиаи судии намоишӣ, ки бо ҷалби судяи Суди шаҳри Исфара Маликзода Нуриддин Ғиёс баргузор гардид, бахси гражданӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва дар натиҷа қарори дахлдори судӣ қабул шуд.
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи рисолати худ, ба таври мунтазам барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа чорабиниҳои маърифатӣ ва иттилоотӣ баргузор мекунад. Судяҳо бо истифода аз васоити ахбори омма — аз ҷумла телевизион, радио, рӯзномаву маҷаллаҳо ва платформаҳои интернетӣ — шаҳрвандонро бо санадҳои судӣ ва масъалаҳои муҳими ҳуқуқӣ шинос намуда, маводи ҳуқуқиро нашр мекунанд.
Барномаи телевизионии "Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар саҳифаи расмии Суди Олӣ дар YouTube барои тамошо дастрас аст.