Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Суди Олӣ муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён оғоз намуда, қайд кард, ки тибқи талаботи моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия мебошад.
Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад».
Боиси ифтихор аст, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат имрӯз Истиқлолияти давлатӣ таҳким ёфта, дар кишвари азизамон ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамаҷониба ҳифз гардида, волоияти қонун ва суботу оромӣ дар кишвар пурра таъмин мебошад.
Имрӯз Тоҷикистон бо роҳбарии оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ обрӯ ва нуфузи зиёдро касб намудааст. Имрӯз Тоҷикистонро зиёда аз 160 давлати ҷаҳон расман шинохтаанд ва бо мо муносибатҳои дипломатӣ ва тиҷоратӣ доранд.
Бахши иттилооти Суди Олӣ