ВАҲДАТ ПОЯИ СУЛҲ АСТ

         Ваҳдат беҳтарин неъмат барои тамоми инсоният буда, он тамоми некию хубиҳои дунёро дар худ таҷассум намудааст. Зеро бо Ваҳдат душворию монеаҳо   паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ мениҳанд ва   халқ орому осуда зиндагӣ менамоянд.

         Рӯзи 27 июни соли 1997 ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат ҳуҷҷати тақдисоз ва муҳим ба имзо расид, ки он дар таърихи навини миллати тоҷик аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз маҳсуб меёбад. Солҳо сипарӣ мешаванд, вале бузургиву манзалати ин санад барои мардуми шарифи Тоҷикистон беш аз беш меафзояд, зеро маҳз ҳамин санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард.

          Бинобар ин, бо шукргузорӣ аз суботу оромӣ ва рушду шукуфоӣ, ки имрӯз дар Ватани аҷдодиамон ҳукмфармост.

           Дар ин рӯзи саид, ҳар як фарди Тоҷикистон бори дигар амиқан дарк менамояд, ки ваҳдати миллӣ барои мардуми кишвари мо то чӣ андоза азизу муқаддас мебошад. Маҳз бо ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суббот мардуми сарбаланди мо тавонист дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ваҳдати миллиро дар саросари кишвар таъмин карда, барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созанда фароҳам созад.

          Бар асари нобасомониҳои солҳои навадуми асри гузашта дар байни мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, ки он барои ин миллати кӯҳан амали нангин ва хатарбори бадбиниву таҳдид ва душманҷӯӣ буд.

             Бо кӯшишу талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо пуштибонии халқи азизи Тоҷикистон ваҳдату ҳамдигарфаҳмии миллӣ ҳамчун омили асосии наҷоти миллат ва давлат эълон карда шуд. Ба имзо расидани ин санади муҳими таърихӣ имкон дод, ки дар мамлакат марҳилаи нав – марҳилаи сулҳу суббот, ба Ватан баргаштани гурезаҳо ва фирориён, инчунин давраи корҳои барқарорсозии харобаҳои ҷанг оғоз гардид. Маҳз ба шарофати сулҳу субот ва иродаи қавии мардуми шарифи Тоҷикистони мо имконият пайдо гардид, ки Тоҷикистон дар таъмини рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар қадамҳои устувор гузорад.

            Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд, ки «дар ин раванди неку созанда, мо пеш аз ҳама, ба ақлу заковати азалии мардумамон такя кардем. Зеро табиати миллати тоҷик аз сифатҳои дӯстиву рафоқат, ватанпарастиву садоқат ва дӯстдории фарҳангу маърифат сиришта шудааст. Ба ҳамагон маълум буд, ки дар он рӯзҳои сахту сангин идомаи ҷанги шаҳрвандӣ метавонист боиси пароканда шудани миллати тоҷик ва барҳам хӯрдани ин давлати ҷавон буд. Насли калонсоли мо хуб дар ёд доранд, ки он замон меъёрҳои конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда поймол гардида, ҷинояткориву зӯроварӣ ва қонуншиканӣ ба як рафтори муқаррарӣ мубаддал ёфта буд.

         Дар он лаҳзаҳои хеле ҳассос Ҳукумати кишвар бо эҳсоси масъулияти баланд барои ояндаи ватан ва халқи Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузошт, ки бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳои имконпазир ҳарчи зудтар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти миллиро дар саросари мамлакат таъмин созад. Дар асоси санадҳои таърихӣ исбот карда шудааст, ки дар асл дар доираҳои муайяни душманони миллати тоҷик нақшаи нест кардани ин миллат ва давлатдории он тарҳрезӣ шуда, кӯшиши маҳрум намудан аз забон, фарҳанг, оин ва аз марзу буми аҷдодӣ буд. Таърих гувоҳ аст, ки дар марҳилаҳои гуногун, ба ҳама тохтутозҳо ва ҳуҷумҳои беруна нигоҳ накарда, миллати тоҷик тавонистааст забон, фарҳанг ва маданияту анъанаҳои худро нигоҳ дорад.

         Тавре Марк Аврэлий фармудааст: “Ҳеч қувваи шадидтар аз қувваи муҳаббат ба Ватан нест”

           Бешубҳа, барои ҳифзу ҳимояи Ваҳдати миллӣ, иттиҳоду ҳамбастагии миллат, дӯст доштани ватан, садоқат ва ҷоннисорӣ ба Ватан афзалтар аз даст додани ҷон аст. Зеро таҷрибаи имрузаи ҷаҳони муосир нишон дода истодааст, қувваи муҳаббат, қувваи содиқӣ ва иттиҳод аз абарқудративу бузургӣ боло мебошад.  

       Аз ин хотир. вазифаи ҷонӣ ва қарзӣ, имониву рисолати инсонии ҳар як фарди бонангу номуси худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарасти халқи мо таҳкими дӯстиву бародарӣ, сулҳу созиш, тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият мебошад.

           Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёрмуқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқи азизамон мебошад. Аз ин хотир, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон зарурати таърихӣ ва рисолати аслии худро дар он бояд бинад, ки ваҳдат ва ризоияти миллии мопояндаву ҷовидон бошад, зери сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва созандагиву ободкории Ватан фаъолона ширкат намояд.

             Густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносӣ ва таблиғи аҳаммияти ваҳдати миллӣ дар миёни мардум, бахусус наврасону ҷавонон бояд ҳамчун самти муҳимтарини кор ва меъёри асосии таълиму тарбия қарор гирад. Чунин ҳадаф бояд дар заминаи таърих, арзишҳо ва ҳувияти миллӣ ташаккул ёфта, ба воқеият, ниёзҳо ва дархостҳои имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯ бошад, мардумро муттаҳид сохта, ба сӯи рушду созандагӣ роҳнамоӣ кунад.

           Ин шоҳроҳи бунёдӣ, яъне ваҳдат ва худогоҳиву худшиносӣ шахсроводор месозад, ки ба қадри модар - Ватан, муқаддасоти миллӣ истиқлолият, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху маданияти куҳани халқи худ бирасад ва барои ба наслҳои оянда гузоштани мероси арзанда кӯшишу талош варзад. Ваҳдати миллӣ танҳо дар сурате тақвият меёбад, ки таъмингари ин падида- миллат, халқ ва давлати миллӣ муттаҳид, яктану якдил бошанд ва   давлат барои амалӣ гардидани ваҳдат аз тамоми имконияту воситаҳо ва роҳу усулҳо мақсаднок истифода намояд. Бешак, барои ҳифзу ҳимояи он бояд тамоми ҷомеа саҳм дошта бошад. Маҳз давлати миллӣ, давлати соҳибистиқлолу озоди демократӣ имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки мо андешаи ваҳдати миллиамонро ба вуҷуд орем ва роҳу равиши халқамонро ба сӯи оянда муайян созем. Зеро ба фармудаи ниёгони бузургамон тавоноӣ ва хушбахтии ҳар якмиллат ба иттиҳоду ваҳдати он вобаста мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи ҷонӣ ва қарзи имониву рисолати инсонии ҳар якфарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарасти халқи мо таҳкими дӯстиву бародарӣ, сулҳу созиш, тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият мебошад.

          Дар шароити кунунии рушди ҷомеа бояд ба назар гирифт, ки ваҳдати миллӣ ҳеҷ гоҳ масъалаи сиёсии танҳо як гурӯҳ ё ҳизб набуда, балки он   ифодаи талабот ва ниёзҳои ҳамаи табақаҳои ҷомеа, сарфи назар аз эътиқодоти динӣ, мансубияти миллӣ ва ҳизбӣ мебошад. Бо дарназардошти он ки ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад.

          Вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки дастоварди бузурги миллиамон - ваҳдатро ҳамчун неъмати гаронбаҳо эҳтиёт кунем ва тамоми саъю талоши худро барои таҳкими он сафарбар намоем. Соҳиби давлати соҳибихтиёр ва соҳибватан будан барои ҳар якшаҳрванди ин сарзамини аҷдодӣ бахти бузург мебошад ва аз ин рӯ, дарки   воқеияти раванду рӯйдодҳои ҷаҳонӣ моро водор менамояд, ки дар   масъалаи арзёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ҳамеша боэҳтиёт бошем ва дурандешии сиёсӣ зоҳир намоем. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ҳар фарди бонангу номусимиллат бояд зарурати таърихӣ ва рисолати аслии худро дар он бинад, киваҳдат ва ризоияти миллии мо пояндаву ҷовидон бошад, сарфи назар азмавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, зери ин сиёсат муттаҳид шуда, барои таҳкимиваҳдати миллӣ ва созандагиву ободкории Ватан фаъолона ширкат намояд.

           Мову шумо ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кунем, ки кори худро аз рӯзҳои аввали давлатдориамон аз сулҳ оғоз намудем ва ин сиёсатро ба хотириоромиву осоиши кишварамон ва хушбахтиву сарбаландии халқи азизамонминбаъд низ идома медиҳем.

           Дар ин росто аҳзоби сиёсии кишвар, созмонҳои ҷамъиятӣ вавоситаҳои ахбори оммаро зарур аст, ки ҳангоми арзёбӣ ва инъикосимасъалаҳои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ба хотири ҳимояи истиқлолиятидавлатӣ, манфиатҳои миллӣ, ҳифзи амният ва суботи сиёсиву оромииҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллии тоҷикон хеле эҳтиёткору бомулоҳизабошанд.

            Ҳар як фарзанди Тоҷикистон, ки ин марзу буми аҷдодӣ барояш азизаст, бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки маҳаки асосии афкори ҷомеаи моро бояд сухани созандаву омӯзанда ташкил диҳад ва он ба манофеи халқу ватани азизи мо хизмат намояд. Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем.

                   Иноятулло Шарифзода

                    Судяи Суди Олии

                   Ҷумҳурии Тоҷикистон                            


Бозгашт ба рӯйхат