ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ НИЗОМИ СУДӢ ВА ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОНУ ШАҲРВАНД

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 соҳибихтиёрии худро эълон намуд ва 2 марти соли 1992 ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.
Истиқлолияти давлатӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон даҳҳо падидаҳои нави ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба вуҷуд овард.
Махсусан зарурати ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқие ба миён омад, ки бо такя ба арзишҳои миллӣ тавонад ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявию ягона, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд мусоидат намоянд.
Эҳтироми волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд принсипҳои асосии ҳар як ҷомеаи демократии муосир мебошад.
Баъди ба даст овардани истиқлолият дар аксар самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ давлати Тоҷикистон мушкилиҳо пеш меомаданд. Қонунҳо ба вазъи воқеии ҳаёти ҷомеъа мутобиқат намекарданд. Вазъи сиёсии он рӯз ба рӯз мураккаб мегардид.
Ҳадафи муҳиме, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ пайгирӣ карда шуд, ҳар чи зудтар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Зеро ин ҳадаф имкон медод, ки сохти конститутсионии Тоҷикистон, вазъи ҳуқуқии инсону шаҳрванд, тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ муайян карда шуда, дар заминаи он санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ қабул карда шаванд.
Масъалаи аввалин дараҷа будани қабули Конститутсияи кишварро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатнома ба мардум ҳанӯз 12 декабри соли 1992, ки он замон вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда доштанд, чунин изҳор намуданд: «асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бодарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократию ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст».
Ниҳоят 6 ноябри соли 1994 дар айёме, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои аввалини худро дар роҳи соҳибистиқлолӣ мегузошт, тавассути изҳори иродаи халқ, яъне раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид.
Маҳз тавассути ҳамин ҳуҷҷати олии сарнавиштсозӣ миллат мақомоти судӣ ҳамчун шохаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид, ки ин барои рушду ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат намуд.
Бо қабули Конститутсия барои рушди ҳокимияти судӣ дар мамлакат имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуд
Тибқи Конститутсия ҳокимияти судӣ мустақил мебошад ва он аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Дар Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф шуда, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир дониста, ба риоя ва ҳифзи онҳо кафолат дода шуд.
Мувофиқи Конститутсия ба ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дода шуд. Муқаррар гардид, ки ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.
Конститутсия амалишавии ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ муайян намуда, вазифаҳои асосии ҳокимияти судӣ ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат муқаррар кард.
Бояд қайд кард, ки дар амалӣ намудани ин ҳадафҳо ва рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мақомоти судӣ ҳамчун як шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ нақши муҳим мебозад.
Дар заминаи ин меъёрҳои Конститутсия қонунҳои гуногуни соҳавӣ қабул карда шуданд, ки ҳимояи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун шакли афзалиятноки ҳимоя таҳким бахшиданд.
Аз ҷумла, ҷиҳати танзими муносибатҳои молу мулкӣ ва шахсию ғайримолумулкӣ Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, ки тибқи моддаи 11 он ҳифзи ҳуқуқҳои граждании вайронгардида ё мавриди баҳс қарордошта мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои мурофиавӣ аз ҷониби суд ба амал бароварда мешавад.
Инчунин кодексҳои меҳнат ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд, ки дар онҳо ҳуқуқу озодиҳои меҳнатӣ ва оилавии шаҳрвандон ифода ёфта, дар ҳолати халалдор гардиданашон аз ҷониби суд ҳифз карда мешаванд.
Бо дарназардошти он, ки ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тавассути гузаронидани мурофиаҳои судӣ сурат мегирад, дар ин ҷода нақши қонунҳои мурофиавӣ назаррас мебошад.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон кодексҳои мурофиавии гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул карда шуданд, ки дар заминаи онҳо судҳо адолати судиро бо риояи принсипҳои демократии мурофиа судӣ, аз қабили қонуният, мустақилияту беғаразӣ, мубоҳиса ва баробарии тарафҳо ба амал мебароранд.
Дар ҷодаи ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд, ки аҳамияти назаррас доранд.
Зеро таҳкими фаъолияти ҳокимияти судӣ дар як навбат маънои тақвияти ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дорад.
Дар даврони истиқлолият то ба имрӯз се барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ бо муваффақият иҷро карда шуданд.
Оид ба барномаҳои мазкур як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав қабул ва такмил дода шуда, ҷиҳати такмили сохтори судӣ, таъмини мустақилияти судҳо, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат ва ташкилоту муассисаҳо корҳои муҳим ба анҷом расонида шуданд.
Пеш аз ҳама дар доираи барномаҳои мазкур қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» дар таҳияи нав бо меъёрҳои мутобиқ ба талаботи санадҳои байналмилалии эътирофгардида қабул карда шуданд.
Инчунин, бо мақсади дастгирии шахсоне, ки роҷеъ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳояшон имконияти гирифтани ёрии ҳуқуқии пулакиро надоранд ва муҳтоҷи чунин кӯмак мебошанд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2015 Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар асоси он ҳоло дар як қатор шаҳру ноҳияҳо шаҳрвандони ниёзманд аз ёрии ҳуқуқии ройгон бархудор мебошанд.
Ҳамзамон, бо мақсади рушди низоми судии кишвар, баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо, нақш ва мавқеи суд дар таъмини воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои қонунии давлат ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019 Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид, ки чорумин барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар мебошад.
Ҳоло ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳое, ки аз ин Барнома бармеоянд, гуруҳҳои корӣ фаъолият намуда истодаанд. Татбиқи Барномаи мазкур барои боз ҳам устувор гардидани сохтори мақомоти судӣ ва пешрафту пурсамар гардидани фаъолияти онҳо, таҳкими ҳамкории мақомоти судӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, такмили қонунгузорӣ ва иҷрои саривақтии санадҳои судӣ такони ҷиддӣ бахшида, дар маҷмӯъ барои ҳифзи судии арзишҳои олӣ - ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд заминаи мусоид фароҳам меорад.
Имрӯзҳо мардуми азизи мо дар фазои озодиву оромию ободии ҷомеъа истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуда истодаанд.
Бо ифтихор шукр аз он менамоем, ки миллати тоҷик бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибихтиёрии давлат ва рушду камоли онро таъмин намуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ ҳисобида, ҷомеаи навини демократию ҳуқуқбунёд ва адолатпарварро бунёд карда истодааст.

Ш.Азизӣ
Судяи Суди Олӣ


Бозгашт ба рӯйхат