ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАШАККУЛИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Охири асри ХХ барои мардуми тоҷик ва халқи Тоҷикистон саҳифаи нави таърихиеро ба вуҷуд овард. Пас аз пошхӯрии давлати ИҶШС, санаи 9 сентябри соли 1991 аз ҷониби Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"- қабул карда шуд, ки бо он Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол эълон гардид.
Моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсат баровард.
Аслан барои нигоҳдошту пойдории давлат, обрӯй ва ҳастии миллат шахсиятҳо нақши бузургро иҷро менамоянд. Дар бештари мавридҳо пойдории давлат аз шахсияти муаррификунандаи он вобаста мебошад. Бояд зикр намуд, ки аз замони ба сари қудрат омадан, Сарвари давлат барои таъмини сулҳу субот, мустаҳкам намудани пояҳои асосии давлатдорӣ ва ташаккули он талошҳои зиёде ба харҷ доданд, ки он босамар буд. Таҳаммулпазирӣ ва хиради волои халқ низ имкон фароҳам овард, ки сулҳу ваҳдат, амну субот ва оромӣ саросари мамамлактро фаро гирад.
Ҷиҳати минбаъд мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва нигоҳдошти истиқлолияти давлатӣ зарурият ба миён омад, ки тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ бо қонун ба танзим дароварда шавад. Чунки қонун ҳамчун василаи танзимкунандаи паҳлуҳои гунгуни ҷомеа нақши муҳим дошта, инкишофу пешрафти ҷамъият танҳо тавассути танзими қонунӣ имконият дорад.
Конститутсияи Тоҷикистон, ки дигар қонунҳо аз он сарчашма мегиранд, 6 ноябри соли 1994 қабул карда шуд ва он асосҳои ҳуқуқиеро ба вуҷуд овард, ки риоя ва иҷрои онҳо барои пешрафти ҷомеа таъсири мусбӣ гузошт.
Бо Конститутсия низоми давлатдорӣ чунин муқаррар карда шуд, ки дар Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ карда мешавад. Яъне, ҳокимияти судӣ ҳамчун яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардида, ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат ба зиммаи он вогузор карда шуд.
Ҳамин ҳолат низ боиси яке аз беҳтарин Конститутсия дар ҷаҳони муосир эътироф намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки меъёрҳояш мустақиман амал мекунад, муқаррар намуд, ки ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Меъёрҳои мазкур аз вақти қабули Конститусия инҷониб мавриди амал қарор дошта, бетағйир мондаанд.
Сарвари давлат доир ба мавқеи ҳокимияти судӣ ва мустаҳкам кардани он пайваста дар сатҳи баланд ибрози ақида намудаанд. Бахусус дар Паёмҳои ҳамасолаи ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироанамуда нақши ҳокимияти судӣ дар пешрафти ҷомеа бузург арзёбӣ ва баён гардидааст, ки ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ бе мавҷудияти низоми дақиқан муайяншудаи мустақил ва беғарази судӣ аз имкон берун буда, дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонуният ва адолати иҷтимоӣ ҳокимияти судии мустақил ва беғараз нақши асосӣ дошта, воқеан, раванди ташаккули ягон давлати муосирро бе фаъолияти самараноки мақомоти судӣ, ки асоси таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ мебошад, тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Дар партави чунин сиёсат, бо мақсади таҳким бахшидан ба ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъмини кафолати судии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, тақвияти талабот нисбати кадрҳои судӣ, баланд бардоштани донишу таҷриба ва масьулиятнокии онҳо бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 аввалин «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шуд. Ин Барнома бо дарназардошти ҳадафи стратегии ҷомеаи навини тоҷикон, ки аз эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ, таъмини волоияти қонун ва амнияти ҷомеа, таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат мебошад, қабул гардидааст. Зеро пойдории давлат ба адолати судӣ эҳтиёҷ ва пайвастагии ногусастанӣ дошта, ин омил талаб менамояд, ки ҳокимияти судӣ пайваста таҳким ва густариш ёбад.
Боиси зикр аст, ки дар даврони истиқлолият бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чор «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ ва ҷиҳати иҷрои онҳо корҳои назаррасе ба анҷом расонда шуда, ислоҳот ҳанӯз ҳам идома дорад, ки ин ҳолат ногузир будани ташаккули ин ҳокимияти давлатиро ифода менамояд.
Аз ҷумла «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» идомаи барномаҳои пешина буда, амалисозии тадбирҳои заруриро ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани ҳокимияти судӣ ва такмили қонунгузорӣ доир ба фаъолияти судҳо пешбинӣ менамояд.
Масъалаҳои дар барнома гузошташуда бо дар назардошти пешрафти ҷомеа, ба миён омадани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, ва бо мақсади ба стандартҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии миллӣ мутобиқ намудан ба нақша гирифта шудааст.
Яке аз чорабиниҳои андешидашванда - ҷорӣ намудани мансаби ёрдамчии судяи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ мебошад. Мақсади асосии ҷорӣ намудани ин мансаб беҳтар гардонидани сифати баамалбарории адолати судӣ мебошад.
Зикр намудан бамаврид аст, ки ҷорӣ намудани мансаби ёрдамчии судяи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ сиёсати оқилона, дуруст ва дурандешонаест, ки метавонад минбаъд дар омодасозии судяҳои ҷавон ва кадрҳои баландисхтисоси судӣ нақши муҳимеро иҷро намояд. Зеро ёрдамчии судяи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ дар давраи фаъолияташ дониш ва таҷрибаи худро сайқал дода, маҳорати касбии балан ба даст оварда, «судяи тайёр» мешавад. Мансаби мазкур аз ҷиҳати иқтисодӣ низ манфиатовар аст. Дар сурати аз ин мансаб ба вазифаи судя таъин намудан, зарурати дар муҳлати як сол бо сарфи маблағи зиёди буҷавӣ тайёр намудани коромӯз - судя аз байн меравад. Албатта ин нуқтаи назари шахсӣ ба таҳлили ҳаматарафа ниёз дошта, омӯзиши амиқро талаб менамояд. Дар ҳар маврид, мансаби ёрдамчии судяи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ барои боз ҳам ташаккул ёфтан ва самаранок гардидани фаъолияти суд арзишнок мебошад.
Ҳамин тавр, ҳокимияти судӣ зина ба зина ташаккул ёфта, он барои пойдории истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оромиву суботи ҷомеа ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ нақши муҳим дорад.

Ализода Ш.Ш., Қамарзода Р.,
Судяҳои Суди Олӣ


Возврат к списку


СОМОНАҲОИ МУФИД