ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Ҷашни Истиқлол барои ҳар миллати озодаи ҷаҳон, аз ҷумла барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон боарзиштарин ҷашн аст. Зеро Истиқлолият ба халқи тоҷик шароити мусоид фароҳам овард, ки бо дарки баланди масъулияти таърихӣ имрӯзу ояндаи сарнавишти худро ба дасти худ бигирад.
Маҳз Истиқлол аст, ки миллат ва кишвари тоҷикон дар ҷаҳон муаррифӣ карда мешавад ва Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ба сӯи инкишофи мустақилона қадам мегузорад.
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои мардуми тоҷик марҳилаи вазнин ва озмоиши сангин буд. Давлати тозабунёди тоҷикон дар натиҷаи фитнаву дасисаи қувваҳои бадхоҳи дохилӣ ва берунӣ ба гирдоби ҷангӣ шаҳрвандӣ гирифтор шуда, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллат ба воқеияти талх табдил ёфта буд.
Маҳз саъю талоши мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон имкон дод, ки дар ин вазъияти басо душвору ноустуворонаи сиёсию ҷамъиятӣ ҳизбҳои сиёсию ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои гуногуни силоҳбадаст гирди мизи гуфтушунид оварда, дар мамлакат сулҳро барқарор намояд.
Ватандӯстӣ ва фидокории мардуми тоҷик имкон дод, ки дар муддати нисбатан кутоҳ мушкилоти зиёди баъдиҷангӣ бартараф, сулҳу субот дар мамлакат барқарор ва барои пешрафти бомароми кишвар асоси мустаҳкам гузошта шавад.
Бояд бо ифтихору сарфарозӣ иброз намоем, ки ҳамаи корҳои азими созандагӣ, ки то имрӯз дар меҳани азиз амалӣ шудааст бо номи муқаддаси истиқлолият анҷом ёфтааст.
Инчунин Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва дар асоси он Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ арзёбӣ карда шуд.
Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол зарурати таъсиси низоми самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатиро ба миён овард. Сохторҳои давлатӣ, низоми судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз нав ташаккул ёфта, ислоҳоти идораи давлатӣ оғоз гардид, ки он то ҳол идома дорад.
Мувофиқи Конститутсия ба ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дода шуд. Муқаррар гардид, ки ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Дар Конститутсия муқаррар гардид, ки адолати судӣ танҳо аз ҷониби судҳо ба амал бароварда мешавад.
Вазифаҳои асосии ҳокимияти судӣ ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат муқаррар карда шуд.
Бо назардошти нақши муҳимми низоми судӣ дар ҷомеаи демократӣ ва яке аз вижагиҳои он - ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар тӯли 29 соли Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати такмили низоми судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҷомеа ва таъмини мустақилияти судяҳо чораҳои мушаххас андешида шуданд.
Аз ҷумла, дар заминаи ислоҳоти конститутсионии соли 1999, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1999 Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки масъалаҳои пешниҳод намудани таклифҳо оид ба гузаронидани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, интихоб ва пешниҳод намудани номзадҳо ба вазифаи судягӣ, таъминоти ташкилӣ, молиявӣ ва моддию техникии судҳо ба салоҳияти ин мақомот дохил карда шуд.
Зимни ислоҳоти конститутсионии минбаъда муҳлати ваколати судяҳо 10 сол муқаррар гардид. Ҳамчунин бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 31 марти соли 2003 дар назди Шӯрои адлия Маркази таълимии судяҳо таъсис дода шуд, ки аз соли 2016 инҷониб ҳамчун Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ фаъолият менамояд.
Лозим ба таъкид аст, ки таълими самаранок ва босифати кадрҳои соҳаи ҳокимияти судӣ ба васеъ гаштани ҷаҳонбинӣ, баланд шудани малакаи касбии онҳо ва беҳтар гардидани сифати адолати судӣ мусоидат менамояд.
Бояд қайд кард, ки дар роҳи рушду таҳкими ҳокимияти судӣ, ки аз Конститутсия сарчашма мегирад, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим ва назаррас мебошад.
Сарвари давлат тақвияти фаъолияти ҳокимияти судиро яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ қарор дод ва дар заминаи он то имрӯз барои ташаккули низоми судии кишвар ва баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.
Аз ҷумла, дар марҳилаи нисбатан кутоҳ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010, 2011-2013 ва 2015-2017 қабул ва амалӣ гардид.
Дар доираи барномаҳои мазкур як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав қабул ва такмил дода шуда, ҷиҳати такмили сохтори судӣ, таъмини мустақилияти судҳо, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат ва ташкилоту муассисаҳо тадбирҳои муҳим андешида шуданд.
Аз ҷумла, дар доираи Барномаҳои мазкур кодексҳои мурофиавии гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» таҳия ва қабул гардиданд. Дар ҳамин раванд дар Суди Олӣ, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва маъмурӣ ташкил карда шуданд, ки ба таҳкими ҳокимияти судӣ ва татбиқи адолати иҷтимоӣ мусоидат мекунанд.
Зимни амалӣ гардидани Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017 қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодексҳои меҳнат ва мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» дар таҳияи нав бо меъёрҳои мутобиқ ба санадҳои байналмилалӣ қабул карда шуданд.
Инчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2015 Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки дар асоси он шаҳрвандони ниёзманд аз ёрии ҳуқуқии ройгон бархурдор мегарданд.
Ҳамчунин дар асоси ислоҳоти конститутсионӣ, ки моҳи майи соли 2016 дар ҷумҳурӣ сурат гирифт, судҳои ҷумҳурӣ аз тобеияти ҳокимияти иҷроия бароварда шуда, ҳаллу фасли масъалаҳои хеле муҳим дар самти таъмини ташкили фаъолияти судҳо, таъминоти моддию техникии онҳо, тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судягӣ, такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо, инчунин пешбарии номзадҳо ба вазифаи судягӣ вобаста ба судҳои умумӣ ба зиммаи Суди Олӣ ва оид ба судҳои иқтисодӣ ба зиммаи Суди Олии иқтисодӣ вогузор карда шуд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019 Барномаи навбатии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид, ки бевосита аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2018 сарчашма мегирад.
Тибқи чорабиниҳои Барнома дар таҳрири нав қабул намудани кодексҳои гражданӣ, ҷиноятӣ ва манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», бо мақсади таъмини принсипи ошкоро будани муҳокимаи судӣ, дастрасии ҷомеа ба фаъолияти судӣ таҳия ва қабули Қонун «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо», такмил додани меъёрҳои КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Татбиқи Барномаи мазкур барои таҳкими боварии ҷомеа ба ҳокимияти судӣ, боз ҳам устувор шудани сохтори низоми судӣ ва пешрафту пурсамар гардидани фаъолияти он, такмили қонунгузорӣ ва иҷрои саривақтии санадҳои судӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.


Пӯлодӣ Мавҷуда Комил
Судяи Суди Олӣ


Возврат к списку


СОМОНАҲОИ МУФИД