ВОХӮРӢ БО НОЗИРОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Имрӯз аз ҷониби Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ҳайати нозирони байналмилалӣ аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пазируфта шуданд.
Дар ҷараёни суҳбат, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нозирони байналмилалӣ оид ба меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои интихоботи кишвар, ки интихоботи озод, демократӣ ва шаффофро кафолат медиҳанд, ахборот дод.
Аз ҷумла, қайд гардид, ки низоми интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ буда, иштироки озоди шаҳрвандонро дар чорабиниҳои муҳимӣ сиёсӣ пурра кафолат медиҳад.
Тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии як қисми масъалаҳое, ки ҳангоми баргузории интихобот пайдо мешаванд ба зиммаи мақомоти судӣ гузошта шудааст.
Мувофиқи ин меъёрҳо ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба Президентӣ, шахсони бовариноки онҳо, нозирони байналмилалӣ, интихобкунандагон ва прокурор ҳуқуқ доранд аз болои қарор, амалӣ ва беамалии коммисияҳои интихоботӣ ба суд муроҷиат намоянд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки мақомоти судии кишвар барои баррасии қонунӣ ва саривақтӣ баҳсҳои интихоботӣ омода буда, дар ҳамаи судҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шудааст.
Дар баробари ин, кормандони мақомоти судӣ дар раванди фаҳмондадиҳии қонунгузории интихобот ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бевосита иштирок намуданд.
Дар рафти суҳбат, нозирони байналмилалӣ раванди интихоботи Президентро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб баҳогузорӣ намуда, иброз доштанд, ки рафти баргузории ин чорабиниро, холисона мушоҳида менамоянд.
Суҳбат дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Возврат к списку


СОМОНАҲОИ МУФИД