Рӯзҳои 15-16 октябри соли 2020, дар шаҳри Душанбе, ҷаласаи дуюми Форуми судяҳои минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ оид ба Вируси норасоии масъунияти одам, ҳуқуқи инсон ва қонунгузорӣ баргузор гардид.
Форум аз ҷониби Суди Олӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳо бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон созмон дода шуда, тариқи онлайн гузаронида шуд.
Дар форум судяҳои Суди Олӣ, судяҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аъзои Комиссияи глобалӣ оид ба вируси норасоии масъунияти одам ва қонунгузорӣ, судяҳои минтақаҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, коршиносони соҳаи тандурустӣ, намояндагони Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба Бемории пайдошудаи норасоии масуният ва Созмони умумиҷаҳонии Тандурустӣ ширкат варзиданд.
Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, дар ҷаҳон беш аз 35 миллион нафар шахсони бо вируси норасоии масъунияти одам расман ба қайд гирифташудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эъломияи соли 2001 оид ба мубориза бар зидди Вируси норасоии масъунияти одам ва Бемории пайдошудаи норасоии масуният, инчунин ба Эъломияи сиёсии соли 2016 оид ба Вируси норасоии масъунияти одам ва Бемории пайдошудаи норасоии масуният ҳамроҳ шуд ва дар доираи ин ҳуҷҷатҳо чораҳои зарурии ҳуқуқӣ, моддию техникӣ ва тиббиро дар ин самт амалӣ намуда истодааст.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, Барномаи миллии мубориза бо эпидемияи вируси норасоии масъунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 қабул гардид, ки дар он яке аз ҳадафҳои стратегӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои муолиҷаи нафарони гирифтори вируси норасоии масъунияти одам ва мубориза бо табъиз, аз ҷумла ислоҳоти ҳуқуқӣ дарҷ гардидааст.
Фаъолияти мақомоти судӣ ба қабули қарорҳои қонунӣ ва асоснок равона шудааст, ки бевосита ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқҳои шахсони гирифтори вируси норасоии масъунияти одам мусоидат менамоянд.
Дар Форум маълумоти охирини илмӣ тиббӣ ва эпидемиологӣ, дастурҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, меъёрҳои дахлдори ҳуқуқиро дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалие, ки дар ин самт қабул шудаанд ва инчунин мубодилаи таҷрибаи судӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Форуми минтақавии судяҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ то 16 октябр идома ёфта дар он қадамҳои минбаъда оид ба баргузории ҷаласаи навбатии Форум ва ташкили мубодилаи доимии иттилоот, таҷриба ва дониш мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
