Ҳамватанони гиромӣ,
Бисту нӯҳ сол пеш дар харитаи сиёсии дунё, давлатӣ мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард ва аз оғози марҳилаи нав барои давлатамон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ башорат дод.
Халқи Тоҷик яке аз қадимтарин халқҳои дунё ба шумор рафта, тӯли зиёда аз ҳазор соли охир аз давлату давлатдории мустақил маҳрум буд.
Аз ин рӯ, Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсия барои халқи Тоҷик ҳамчун рӯзи барқаросозии адолати таърихии давлатӣ азизу арҷмандамон мебошад.
Истиқлолият ва Конститутсия дар ҷомеаи Тоҷикистон даҳҳо ва садҳо падидаҳои нави ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба вуҷуд овард.
Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми соҳаҳо ба муваффақияту дастовардҳои назаррас ноил гардида, нуфузу эътиборӣ он дар арсаи байналмилалӣ баланд гардид.
Халқи Тоҷикистон чун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас шумурда бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи райпурсии умумихалқи қабул ва эълон намуданд.
Мувофиқи муқаррароти моддаи 11 Конститутсия, Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад.
Инчунин Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои Олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд.
Ин аст, ки имруз давати мо, ҳамчун яке аз аъзоёни ҷомеаи ҷаҳонӣ, сол ба сол дар муносибатҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, бо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба монанди Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) ва дигарон ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда, зиёда аз 500 санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (соли1948), Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (соли 1966), Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (соли 1966), Конвенсияи Вена дар бораи ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ (соли 1969), Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак (соли 1989) ва ғайраҳоро эътироф намудааст, ки ин имкониятҳои васеи ҳамкории ҳаматарафаро бо давлатҳои ҷаҳон кафолат медиҳад.
Асосан санадҳои ҳуқуқӣ байналмилалӣ ба нигоҳдории ҳамкории осоиштаи давлатҳо, бехатарии умумӣ, эътироф ва кафолати ҳуқуқҳои инкорнашавандаи инсон ва шаҳрванд равона карда шудаанд. Онҳо дар ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини манфиатҳои қонунии давлат нақшӣ муҳим мебозанд.
Инчунин, шумораи давлатҳое, ки бо онҳо муносибатҳои дипломатӣ ва консулӣ барқарор гардидаанд, мунтазам меафзоянд, ки дар ин самт аҳамияти Конститутсия дар самти субъекти ҷаҳони эътироф шундани Ҷумҳурии Тоҷикистон басо муҳим аст.
Ба ғайр аз ин ташабусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои об аз ҷониби созмонҳо ва давлатҳои ҷаҳон баҳои баланд дода шуда, Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро барои қабули Қатъномаҳо ва ҳаллу фасли масъалаҳо водор ва ҷамъ овард, ки боиси ифхтихори Тоҷикистониён мебошад.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби халқи Тоҷикистон пазируфта шудани роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, таноссуби воқеии нерӯҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаро амиқ муайян намуд. Ба ҷаҳониён дар муаррифии давлат ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолиятӣ дигар давлатҳои ҷаҳон ва роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ нақши арзанда мебозад.
Тоҷикистон баҳри таҳкими низоми ҳуқуқии худ, ки дар он санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон нақши назаррас доранд, кӯшиши зиёде ба харҷ дода, ҳамгироӣ ва наздик шудан ба низоми ҳуқуқии муосирро вазифаи муҳимтарини ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза ба муқобили терроризму экстремизм, ҷинояткории трансмиллӣ ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими байнидавлатӣ арзёбӣ менамояд. Чунин ҳадафҳои олӣ аз мазмуну мӯҳтавои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд.
Зеро, асоси ҷомеаи ҳуқуқбуёдро қонунҳои адолатнок, тибқи манфиати ҷомеа ва шахс, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, баробарҳуқуқӣ ва адолати иҷтимоиро тарғибкунанда, ки аз меъёрҳои Конститутсия сарчашма мегиранд, бояд ташкил диҳанд.
Дар ин самт ҷой ва нақши Конститутсия, ки ҳаёт, қадр, номус ва ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсонро арзиши олӣ ва дахлнопазир эътироф намудааст, асоси хеле муҳим ва муайянкунанда мебошад.
Аз рӯзи қабули Конститутсия ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихии инкишофи худ ворид шуда, дар кишвари мо давраи дигаргуниҳои куллии ояндасоз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардидааст ва давлати мо ҳамчун як узви комилҳуқуқӣ ҷомеи ҷаҳонӣ дар ҳал намудани мушкилотҳои глобалии ҷаҳонӣ овози мустақил дорад.
Конститутсия ҳамчун санади асосӣ ва муҳимтарини ҳаёти давлату ҷомеа дар пешрафти минбаъдаи кишвар ва халқи Тоҷикистон, асоси устувори ҳуқуқиро ба вуҷуд оварда, давлатӣ ҳуқуқбуёнд, демократӣ, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодиро дар заминаи таъмини арзишҳои воқеан олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, танзими шароити вазъи солими ҷомеъа, фаъолияти муътадили сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро амалӣ менамоянд.
Халқи тоҷик таърихан ба адолату адолатпарварӣ, доду додрасӣ, додвариву инсоф содиқ мебошад. Аз ин рӯ халқи мо дар Конститутсия бунёди ҷомеаи адолатпешаро ба сифати яке аз вазифаҳои муқаддаси худ қабул ва эълон намудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи мо дигаргуниҳои куллии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ, ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ иҷтимоиву фарҳангӣ ва судӣ-ҳуқуқӣ оғоз гардида, самтҳои пешрафти давлат ва ҷомеа бо дарназардошти субеъкти ҷаҳонишавии давлатамон барои имрӯз ва оянда муайян карда шуданд.
Халқи Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин Конститутсия мебошад, чунки ҳатто ба эътибори коршиносони дақиқсанҷи як қатор давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз намунаҳои беҳтарини конститутсияҳои демократии ҷаҳон ба шумор меравад.
Ҷашнгирии солгарди Конститусия барои мо ҳамчун ҷашни шаклгирии давлатдории миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳамият ва шукуҳи хоса дорад.
Зеро, дар давоми солҳои қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати вокеъан тақдирсоз муайян намудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии давлат, дар эъмори давлати соҳибистиқоламон нақши муҳим ва асосӣ дошта дар заминаи он, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, пешрафти дурнамои ҷомеа ифода гардида, бо назардошти асрҳо пешбинӣ шудааст.
Барпо кардани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд.
Мо, мардуми шарафманди Тоҷик бояд ифтихор аз он кунем, ки маҳз бо фидокорию ҷонбозиҳои душвору тулонӣ ва пурмашаққат соҳиби истиқлолият, давлатдории навин ва ваҳдати миллӣ шуда тавонистем, ва бо ин роҳ пайвандии ҷомеаи худро бо ҷаҳони муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ, ҳуқуқбунёд, дуняви ва иҷтимои ташкил медиҳад, таъмин намоем ва бояд онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.
6-уми ноябри ҳар сол мардуми Тоҷикистон солгарди Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҷашн мегирад, ки барои мо ҳамчун ҷашни шаклгирии давлатдории миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳамият ва шукуҳи хоса дорад.
Дар арафаи ҷашнгирии рӯзи Конститутсия ин андешаи мо, бо мақсади ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни таваҷҷуҳ ва меҳру самимияти ҳар як сокини мамлакатро ба ин санади тақдирсоз ва тавассути он ба Ватану ватандорӣ тақвият бахшидан, мебошад.
Аланазарзода Шароф
Судяи Суди Олӣ
.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
