Дар даврони соҳибихтиёрии давлатӣ тоҷикон шакли давлатдории худ, шакли идоракунии давлати миллиро тавассути конститутсия ба роҳ мемонад. Дар ин замина боби ҳаштуми Конститутсия ба танзими ҳокимияти судӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколати судяҳоро муқаррар мекунад.
Мутобиқи конститутсия ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба судҳои босалоҳият ва дар асоси қонун ташкилёфта дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки дар ҳолатҳои муқарраркардаи қонун барои ба амал баровардани адолати судӣ ҷалб карда мешаванд, тааллуқ дорад. Маҳз яке аз хусусияти фарқкунандаи ҳокимияти судӣ дар мустақилӣ, истисноӣ, ба қонун итоат намудан, ягонагии он ифода ёфта, аз номи давлат амалӣ намудани адолати судиро аз ҷониби мақомоти махсуси давлатӣ – судҳо таъмин мекунад.
Дар паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намудаанд, ки «Тавре ки маълум аст, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад. Бинобар ба охир расидани муҳлати "Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2009–2019" зарур мешуморам, ки барои даҳсолаи минбаъда барномаи нав таҳия ва қабул карда шавад. Пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои дарпешистода кафолати ҳамаҷонибаи адолати судиро талаб мекунад. Зарур аст, ки барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ таҳия карда, дар доираи он сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ такмил дода шавад ва ҷиҳати баррасии босифату саривақтии парвандаҳо ва иҷрои санадҳои қабулнамудаи мақомоти судӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд».
Дар ин замина бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019 барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 қабул карда шуд.
Дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон мақоми дигар ё шахсони ҳуқуқӣ ба зиммаи худ гирифтани таъмини татбиқи адолати судиро надоранд.
Татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ ва принсипҳои он ва ба амал баровардани ин ҳокимият ба зиммаи суд ҳамчун мақоми махсус вогузор карда шудааст, ки он аз рӯи тартиби муайянкардаи қонун талаботи меъёрҳои ҳуқуқиро татбиқ намуда, муносибатҳои бавуқӯъомадаро баррасӣ ва ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, дар ин хусус қарори дахлдори қонунӣ ва асоснок қабул менамояд.
Хислати мустақилӣ ва ягонагии ҳокимияти судӣ онро ифода мекунад, ки ҳамаи судҳо дар Тоҷикистон мақоми ягона буда, фақат аз нигоҳи салоҳияти худ тафовут доранд. Мустақилии судҳо дар татбиқи салоҳият аз тариқи итоати онҳо танҳо ба Конститутсия ва қонун муқаррар гардидааст. Усулҳои таъмини мустақилияти судяҳо бошанд дар асоси конститутсия бо роҳҳои зерин муқаррар карда шудааст: тибқи қонун интихоб, таъин, озод ва бозхонд шудан; дахлнопазирии судя; амалӣ намудани адолати судӣ тибқи тартиби муайянкардаи қонун; махфияти машварати судяҳо ҳангоми баровардани санадҳои судӣ; манъи ҳама гуна дахолат барои амалӣ гардонидани адолати судӣ; ҷавобгарӣ барои беэҳтиромӣ ба суд; ҳуқуқи ба истеъфо баромадан; бо хоҳиши худ ба кори дигар гузаштан, аз вазифа озод шудан ва бозхонди судя; ташкили ҷомеаи судяҳо; муҳайё сохтани шароити моддию ташкилию техникӣ барои фаъолияти судяҳо; мувофиқи мақом аз ҳисоби давлат таъмини моддӣ ва иҷтимоии судя.
Дар ин замина бо мақсади амалигардонии кафолатҳои конститутсионӣ суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқаррар намудаанд, ҳифз намояд.
Дар ҳамин асос суд вазифаи конститутсионии худро ҷиҳати таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасонад.
Ҷоизи қайд аст, ки дар замони соҳибихтиёрии давлатӣ адолати судӣ дар заминаи мустақилияти судӣ ба амал бароварда мешавад, ки онҳо аз моҳияту вазифаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд бармеоянд. Ин асосҳоро принсипҳои адолати судӣ меноманд, ки онҳо дар Конститутсия ва қонунҳо муқаррар карда шудаанд.
Амалӣ гаштани адолати судӣ шакли махсуси фаъолияти давлатие мебошад, ки бо ҳалли ҳама гуна баҳсҳо оид ба вайрон шудан ё эҳтимолияти вайрон шудани тартиботи ҳуқуқӣ алоқамандӣ дошта, мутобиқи тартиби бо қонун муқаррарнамудаи шаклҳои мурофиавӣ бо риоя намудани қоида, тартиб ва принсипҳои истеҳсолоти судӣ ба иҷро расонида мешавад.
Зиёда аз ин, адолати судӣ фаъолияти дастҷамъонаи суд ё фаъолияти танҳои судя дар суди марҳилаи якум, дастҷамъона - дар судҳои болоӣ ва ҳангоми дида баромадани парванда ба сабаби ошкор шудани ҳолатҳои нав мебошад.
Ҳуқуқи истисноии суд оид ба пешбурди адолати судӣ дар он ифода меёбад, ки фаъолияти суд бо тартиби махсуси баррасӣ ва ҳаллу фасл намудани парвандаҳо амалӣ гардида, он дар фаъолияти дигар мақомоти давлатӣ пешбинӣ нашудааст.
Ҳокимияти судӣ дар шаклҳои муайянкардаи Конститутсия ва қонунҳо татбиқи адолати судиро таъмин менамояд.
Доираи фаъолият ва салоҳияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби 3 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ гардидааст, ки тибқи он Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии судӣ ба ҳисоб рафта, назорати судиро аз болои фаъолияти судҳои ҳарбии гарнизонҳо, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳия оид ба парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ ва дигар парвандаҳои дар тобеияти ин судҳо буда ба амал мебарорад.
Бобоҷонзода Аъзамҷон Абдуазиз
Судяи Суди Олӣ
.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
