3 июни соли 2026 кормандони коллегияи ҳарбии Суди Олӣ Расулов Н.С., Юнусов С.С., Каримзода Д. ва Мирзоев М.З. дар як қатор ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои таълимии низомӣ бо хизматчиёни ҳарбӣ вохӯриҳои судманд баргузор намуданд. Зимни вохӯриҳо масъалаҳои шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», таҳкими амнияту мудофиа, интизоми ҳарбӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, ба татбиқи стратегияҳои давлатии муқовимат ба экстремизм, терроризм ва коррупсия таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, дар анҷом ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои муфассал дода шуданд.


.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
