НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Имрӯз, 2 феврали соли 2022 дар Суди Олӣ оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғоз аз ҷониби Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ба намояндагони воситаҳои ахбори омма аз натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2022 ахборот пешниҳод карда шуд.
Аз ҷумла қайд карда шуд, ки соли сипаригардида мақомоти судӣ дар фаъолияти худ муқаррароти Конститутсия ва қонунҳоро ба роҳбарӣ гирифта, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини қонунияту адолат дар ҷомеа корҳои муайянеро ба анҷом расонид.
Чунончӣ, дар соли 2021 аз ҷониби Суди Олӣ, Суди ВМКБ, судҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 144554 парванда ва дархосту пешниҳодҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки 9942 адад нисбат ба соли 2020 зиёд мебошад.
Аз шумораи умумии парвандаҳои баррасигардида дар марҳилаи якум 13031 ададро парвандаҳои гражданӣ, 49296 ададро парвандаҳои оилавӣ, 10942 ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 44218 ададро парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 7596 ададро дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ ва 10512 ададро пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ, Хадамоти иҷро ва дигар ташкилоту муассисаҳо ташкил медиҳанд.
Дар марҳилаҳои кассатсионию назоратии судҳои болоӣ бошад аз рӯи шикояту эътирозҳо 7944 адад санадҳои судӣ мавриди санҷишу баррасӣ қарор гирифтанд.
Вобаста ба риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 681 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати 681 шахс баррасӣ шуда, аз онҳо ба 668 шахс ба маблағи умумии 3.096.502 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шуд.
Инчунин бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти падару модар ҷиҳати дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ таълиму тарбия намудани фарзанд судяҳо корҳои муайянеро амалӣ намуданд.
Чунончӣ, аз 13302 адад парвандаҳои нисбати вайронкунандагони Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба суд воридгардида, дар маҷмӯъ ба 5327 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбати 6518 нафар ба маблағи умумии 1.116.275 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар самти ташвиқу тарғиби қонунҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби шаҳрвандон чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
Судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо ҷиҳати амалисозии «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» ва иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи мазкур дар як қатор ҷамоату шаҳракҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо шаҳрвандон вохӯрию суҳбатҳо доир намуда, ба онҳо мазмуну муҳтавои Конститутсия, моҳияти қонунҳои кишвар, аз ҷумла қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар қонунҳои амалкунанда, дастовардҳои 30-соли Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро фаҳмонданд.
IMG_0477.JPGДар доираи ҳамкориҳои Суди Олӣ бо шабакаҳои телевизионӣ соли 2021 бо иштироки кормандони мақомоти судӣ доир ба мавзӯъҳои ҳуқуқӣ 16 барномаҳои таълимии «Мурофиа», 24 барномаи «Инсон ва қонун», 30 барномаи «Ҳуқуқи Шумо» ва 49 барномаи «Додгоҳ» таҳия гардида, тариқи «Телевизиони Тоҷикистон» ва «Ҷаҳоннамо» намоиш дода шуданд.
Бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, дар маҷмӯъ судҳо 22773 таъиноти хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор ирсол намуданд.
Соли сипаришуда баҳри иҷрои Қонун «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» аз ҷониби роҳбарияти Суди Олӣ 2178 нафар шаҳрвандон қабул карда, муроҷиатҳои онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷиҳати аз байн бурдани камбудию норасогиҳои дар фаъолияти судяҳо ҷойдошта ва беҳтар намудани кори мақомоти судӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 амалӣ намудани як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шуданд, аз ҷумла:
- назорат аз болои фаъолияти судяҳо дар самти риояи муҳлатҳои мурофиавии муқаррарнамудаи қонун, ҳаматарафа, пурраю холисона баррасӣ намудани парвандаҳо, саривақт таҳияву ба тарафҳо супоридани қарорҳои судӣ ва рафти иҷрои онҳо;
- таҳлилу ҷамъбаст кардани асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ дар соли 2021 ва мавриди муҳокимаю хулосабарориҳои ҷиддӣ қарор додани онҳо дар машғулиятҳои семинарии судяҳо, инчунин ҷаласаҳои кории судҳо;
- санҷиши фаъолияти судҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва расонидани ёрии амалӣ;
- гузаронидани ҷамъбастиҳои таҷрибаи судии категорияҳои мушаххаси парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- тақвият бахшидани раванди корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати таъмини иҷрои «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2030».
Бо дарназардошти натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ роҳбарияти Суди Олӣ барои беҳтар намудани фаъолияти мақомоти судӣ ва ислоҳи камбудиҳо тамоми чораҳоро андешида, баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассиса, қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар мамлакат чораҳои заруриро амалӣ менамояд.


Бахши иттилооти Суди Олӣ


Возврат к списку


СОМОНАҲОИ МУФИД