Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму рушди ҳокимияти судӣ

Сарнавишти ҳар миллати соҳибтамаддун ба азму иродаи матин, қалби бузургу пурмеҳр, ҳиммату ҷавонмардӣ, ҳисси ватандӯстиву ваҳдатгароӣ, мардумсолорию фарҳангпарварӣ, роҳандозии барномаҳои созанда ва нигоҳи неки фарзонафарзандонаш ба фардои дурахшон пайванди ногусастанӣ дорад.
Маҳз таҷаллии ҳамин хусусиятҳои ҷавонмардонаи фарзанди фарзонаи миллат, абармарди давру замон, родмарди арсаи сиёсат, меросбари фарҳанги пурифтихору деринбунёди давлатдории ориёӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон аз вартаи нестшавӣ эмин монд ва мардуми қавииродааш аз нав дар ҷабҳаҳои созандагӣ ба кору пайкор пардохтанд.
Ба 16 ноябр рост омадани ҷашни мубораи умумимиллӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ ба он дорад, ки маҳз 16 ноябри соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахсут ҳамчун Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганди садоқат ёд карданд.
15 апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории навин нигаронида шуда, ҷашни қадрдонию сипос ба арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандӣ мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Яъне Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст, ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистон ҷашни милливу худшиносӣ, бозгашт ба асолати миллӣ ва баҳрабардорӣ аз мактаби давлатдории Пешвои миллат мебошад. Зеро дар давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсияту хизматҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам буда, пайванди ногусастанӣ дорад.
Дар рушду таҳкими ҳокимияти судӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас мебошад. Ёдовар шудан зарур аст, ки Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои ба ҳокимияти судӣ дахлдошта қарорҳои заруриро низ қабул намуда буд, ки онҳо фаъолияти самаранокро таъмин намуданд.
Имконияти таҳкими минбаъда ва воқеан демократии ҳокимияти судии Тоҷикистон баъд аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда шуд.
Бидуни шакку шубҳа, гуфтан бамаврид аст, ки тамоми пешрафт ва дастовардҳои кишварамон маҳз ба Истиқлолияти давлатӣ ва баргузории Иҷлосияи ХУ1-уми Шӯрои Олӣ, бахусус интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат алоқамандии ногусастанӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои худро доир ба сохти давлатдории Тоҷикистон аввалин бор дар Иҷлосияи ХУ1-уми Шӯрои Олӣ баён дошта, изҳор карда буданд, ки «ман ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳастам. Ин мақсаду мароми аксарияти аҳолии ҷумҳурӣ мебошад. Ин роҳи ягонаи мост ва мо ҳеҷ вақт аз ин роҳ барнамегардем». Таърих исбот намуд, ки Пешво ва роҳнамои миллат ба ин принсипҳои бунёдӣ ҳамеша содиқ монданд.
Шароити соҳибистиқлолӣ талаб менамуд, ки дар кишвар ҳарчи зудтар ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида, Конститутсияи давлати соҳибихтиёр қабул гардад ва дар он мақсаду мароми ҷомеа, давлат ва сохти давлатдорӣ, инчунин масъалаҳои дигари калидии ҷомеа – соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва ягонагии давлат, унсурҳои дигари асосии сохтори конститутсионӣ, аз ҷумла соҳибихтиёрии халқ, арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ муайян карда шаванд.
10 марти соли 1992 бо Қарори Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳо «Дар бораи додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тартиби ҳалли баҳсҳои хоҷагӣ дар додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуданд, ки дар онҳо ба ғайр аз равшан намудани масъалаҳои вобаста ба вазифаҳо, мақому фаъолияти додгоҳҳои ҳакамӣ ва тартиби ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ инъикоси худро ёфтанд.
Дар ҳамин радиф баҳри амалӣ гардонидани адолати судӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 бо Қарори Раёсати Маҷлиси Олӣ, Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи июни соли 1994 судҳои ҳарбии гарнизонҳо таъсис ёфтанд, ки ин як комёбии назаррас дар низоми судӣ буд, зеро то қабули Конститутсия дар кишвар танҳо судҳои умумӣ амал мекарданд.
Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки дар соли 1994 дар ҳаёти сиёсии кишвар рӯйдоди бузурги таърихӣ ба вуқӯъ пайваста, тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, якдилона бо умеди ояндаи неку дурахшон бори нахуст 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардида, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ба раванди ислоҳоти судию ҳуқуқӣ такони тоза бахшид.
Дар раванди қабули Конститутсия, ки сарвари давлат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон раиси Комиссияи конститутсионӣ интихоб шуда буданд, тамоми воситаҳои илмӣ, мулоҳизаи мантиқӣ ва афкори сиёсӣ истифода шуда, аз ду лоиҳаи аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ пешниҳодшуда, ки яке аз онҳо шакли идораи Тоҷикистонро парламентӣ ва дигаре президентӣ муайян мекард, пас аз муҳокимаҳои тӯлонӣ бо пешниҳоди раиси комиссияи конститутсионӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, лоиҳаи Конститутсия, ки шакли идораи президентиро муқаррар мекард, ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Ин лоиҳа пеш аз қабул гардидан тавассути воситаҳои ахбори омма муҳокима гардида, ҳама паҳлӯҳои масъалаи давлатдорӣ бо дар назардошти талаботи замон, афкори ҷомеа ва принсипҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон мафҳуми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ пайдо шуда, ҳокимияти судӣ дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва ҳокимияти иҷроия ҷой ва мавқеи худро ба даст овард ва айни замон ҳокимияти судӣ дар шаклҳои муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунҳо татбиқи адолати судиро пурра ва ҳаматарафа таъмин карда истодааст.
Дар ин замина дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, расман ба ҳокимияти судӣ бунёд гузошта шуд, ки минбаъд дар сохтори давлат мавқеи калидии худро пайдо намуд.
Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Конститутсияи кишвар имрӯз Тоҷикистон соҳиби ҳокимияти судии мустақил, ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ буда, ба инкишофу таҳкими институтҳои демократӣ, ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ноил гардид.
Бо мақсади такмил додани заминаи ҳуқуқии кишвар бо қабули Конститутсия ба ислоҳоти ҳуқуқӣ сурати тоза бахшида шуда, бо давра ба давра амалӣ гардидани ин ислоҳот як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқие ба тасвиб расиданд, ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи давлати демократию ҳуқуқбунёд нигаронида шудаанд.
Дар асоси талаботи Конститутсия соли 1995 ҷиҳати рушду такомули мақомоти судӣ қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ», «Дар бораи сохтори судӣ», кодексҳои гражданӣ, оила, меҳнат, ҷиноятӣ, мурофиавии гражда¬нӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ғайра қабул гардиданд.
Боиси зикри хос аст, ки дар роҳи таҳкими ҳокимияти судӣ ва татбиқи амалии адолати иҷтимоӣ нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим арзёбӣ мегардад. Маҳз Президенти муҳтарам рушди фаъолияти ҳокимияти судиро яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат қарор дода, дар заминаи он то ба имрӯз барои ташаккули низоми судии кишвар ва баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа, корҳои назаррас ва муҳим ба анҷом расонида шуданд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1997, №692 «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба рушди низоми судии кишвар навгонии зиёде ворид намуда, тибқи ин фармон ҳаллу фасли як қатор масъалаҳо, аз қабили таъсиси вазифаҳои приставҳои судӣ, ёрдамчиёни раисони судҳо, шумораи зарурии котибони маҷлиси судӣ, ҷудо кардани маблағҳо бобати таъминоти моддии судҳо, вазъи иҷтимоии судяҳо ва аъзои оилаи онҳо, таъмиру тармим ва таҷҳизонидани биноҳои судҳо бо анҷому ашёҳои зарурӣ, таъмин кардани онҳо бо воситаи нақлиёт ва техникаи ёрирасон пешбинӣ гардида, онҳо марҳила ба марҳила ҳалли худро дарёфтанд.
Боиси зикри хос аст, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, бо ибтикор, дастгирӣ ва ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат ба масоили баробарҳуқуқии занон эътибори ҷиддӣ дода шуд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» баҳри баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеаи навин аҳамияти муҳимро касб намудаст.
Қайд намудан ба маврид аст, ки ҷиҳати амалисозии Фармони мазкур роҳбарияти Суди Олӣ тадбирҳои муассир андешида, имрӯз дар низоми ҳокимияти судии мамлакат аз 443 воҳиди кории судягӣ, 374 нафар судя фаъолият дошта, аз ин шумора 78 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора 10 нафар ба сифати раисони суд, 7 нафар муовинони раис, инчунин раисони коллегияҳои судӣ фаъолият доранд ва саҳми онҳо дар таъмини баамалбарории адолати судӣ назаррас мебошад.
Идомаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ тақозо менамуд, ки қонунҳои конститутсионии алоҳидаи дар соли 1995 қабулгардида, бо назардошти дигаргуниҳои ҷиддии сиёсию ҳуқуқӣ дар доираи як қонуни конститутсионӣ гирд оварда шаванд. Бо ҳамин мақсад 6 августи соли 2001 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, дар он тарзи ташкил ва фаъолияти судҳои кишвар, вазифа, салоҳият, талабот ба судяҳо, тартиби интихобу таъин шудан, вазъи иҷтимоӣ ва моддии судяҳо, масъулияту ҷавобгарӣ, ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои судӣ ва дигар масъалаҳои марбута пешбинӣ шуданд.
Дар натиҷаи таҳкими ваҳдату субот ва ризоияти миллӣ, тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи кишвар се маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардида, тавассути он низоми судию ҳуқуқӣ такмил дода шуданд.
Дар заминаи ислоҳоти конститутсионии солҳои 1999 ва 2003 фаъолияти ҳокимияти судӣ такмил ёфта, муҳлати ваколати судяҳо аз панҷ со ба даҳ сол муқаррар гардид.
Дар ҳамин радиф ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни муҳим ва зарурии сохтори ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ гардида, аз ҷиҳати тарзи ташкилию сифатӣ ва миқдорӣ ниҳодҳои баамалбарории адолати судӣ инкишоф ёфт ва бори аввал дар низоми судии мамлакат - Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ арзи вуҷуд намуда, инчунин синни ниҳоии ба вазифаи судягӣ интихоб ё таъин гардидан аз 60 ба 65 сола тағйир дода шуд.
Бо мақсади аз салоҳияти ҳокимияти иҷроия, яъне аз тобеъияти Вазорати адлия баровардани масъалаҳои ташкилии ҳокимияти судӣ, дар асоси ислоҳоти конститутсионии соли 1999, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1999 таҳти №48 Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҳалли масоили мазкур ба уҳдаи ин сохтори навтаъсиси коллегиалӣ вогузор гардид.
Ҳамзамон барои мунтазам такмил додани ихтисос ва баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо, коромӯз-судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо соли 2003 дар назди Шӯрои адлия Маркази таълимии судяҳо ташкил карда шуд.
Боиси зикр аст, ки бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти ҳокимияти судӣ, ислоҳоти конститутсионии 22 майи соли 2016 баргузоршуда, дар қатори дигар тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуда, ҳаллу фасли масъалаҳои хеле муҳим дар самти таъмини ташкили фаъолияти судҳо, таъмини моддию техникии онҳо, тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судягӣ, такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо, инчунин пешбарии номзадҳо ба вазифаи судягӣ ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор карда шуд.
Аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар бобати таҳким бахшидан ба фаъолияти ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар иҷрои ҳамаҷонибаи вазифаҳои конститутсионии худ, такмил ва тақвияти сохтори судӣ, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардида, дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2006 ва бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, аввалин Барномаи исло¬ҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2010 таҳия ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, №271 тасдиқ гардид.
Ҷиҳати иҷрои Нақшаи тадбирҳо оид ба татбиқи Барномаи мазкур як қатор қонунҳо, аз ҷумла кодексҳои мурофиавии гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра қабул карда шуданд.
Аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсиси воҳидҳои кории иловагӣ дар судҳои вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе ва Суди Олӣ ташкил гардидани коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, таҳкими сохтор ва пешрафти фаъолияти ҳокимияти судӣ гувоҳӣ дода, ба сифатнок баррасӣ намудани парвандаҳо ва қабули қарорҳои қонуниву асоснок мусоидат карда истодаанд.
Ҳамчунин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011, №976 Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 тасдиқ гардид.
Дар иртибот ба барномаи мазкур қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.
Бо мақсади рушди низоми судии кишвар, баланд бардоштани сатҳи дониши касбии судяҳо, нақш ва мавқеи суд дар таъмини воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои қонунии давлат ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015, №327 Барномаи сеюми ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017 тасдиқ гардид.
Бо мақсади иҷрои Барномаи мазкур ба қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ зиёда аз 100 тағйиру иловаҳо ворид карда, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бо меъёрҳои мутобиқ ба санадҳои байналмилалӣ қабул карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019, №1242 Барномаи чоруми ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид, ки ин иқдом аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2018 сарчашма мегирад.
Барномаи номбурда идомаи барномаҳои болозикр буда, ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, рушду такомули қонунгузории амалкунанда, беҳдошти таъминоти моддию техникии судҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо равона шудаст.
Дар доираи ин Барнома соли 2021 бори аввал Қонуни нав «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» қабул гардид. Мақсади қабули ин қонун - таъмини принсипи ошкоро будани муҳокимаи судӣ, дастрасии ҷомеа ба фаъолияти судҳо буда, кафолати муҳими муҳокимаи одилонаи судӣ ва воситаи таҳкими боварии ҷомеа нисбат ба ҳокимияти судӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо судяҳо ва кормандони масъули мақомоти судӣ 21 - уми ноябри соли 2019 бори дигар таъкид намуданд, ки «судя дар баробари донишу таҷриба бояд виҷдони пок, одобу ахлоқи ҳамида ва рафтору кирдори шоиста дошта бошад. Чунин тарзи интихоби кадрҳо имкон медиҳад, ки дар оянда содир намудани амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби амаликунандагони адолати судӣ аз байн бурда, мақом ва нуфузи ҳокимияти судӣ баланд бардошта шавад».
Вохӯрию мулоқотҳои чандинкаратаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо судяҳои ҷумҳурӣ ва кормандони масъули мақомоти судӣ ва дастуру ҳидоятҳои он кас ба беҳтар гардидани фаъолияти судяҳо доир ба қабули қарорҳои қонуниву асоснок нақши муҳим бозиданд.
Айни замон, судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ ҷашнҳои фархундаи дар пешистода - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ, 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва 35 - солагии Истиқлолияти давлатиро сазовор пешвоз гирифта, баҳри рушду суботи кишвар, сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат ва ободию шукуфоии Ватани азизамон самаранок меҳнат намуда, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ ва суханрониашон дар мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣ аз 21 ноябри соли 2019 бармеоянд, бо сарбаландӣ ва масъулияти баланд иҷро менамоянд.

Додозода А.М.,
сардори раёсати ташкили кори судҳои Суди Олӣ 


Бозгашт ба рӯйхат