АҲМАДИ ДОНИШ

Яке аз нобиғаҳои гузаштаи мо, нависандаи забардаст, шоир, мутафаккир, файласуф ва чомеъашиноси бузурги точик Аҳмад Махдуми Дониш соли 1826 дар Бухоро таваллуд шудааст.
Падару модари Аҳмади Дониш аз аҳли фазл буданд. Аз ин рӯ, ӯ саводи ибтидоиро пеши модари бузургвораш аз худ кардааст. Баъдтар падараш Мулло Мирносир ӯро дар овони 12-солагӣ, яъне соли 1838 ба мактаби қоригӣ месупорад.
Баъд аз он Аҳмади Дониш таҳсилро дар мадраса идома дода, баробари таҳсил ӯ инчунин нозукиҳои ҳунари хаттотию лавҳакории китобҳоро хеле хуб ёд мегирад. Ӯ барои таъмини зиндагӣ ва кӯмак ба хонаводаашон девонҳои шоиронро бо хати зебои худ хаттотӣ ва бо ҳунари волои хеш лавҳакорӣ менамуд. Аз ин рӯ, ӯ дар ин ҳунарҳо низ ба тезӣ дар Бухоро шуҳрат пайдо мекунад.
Аҳмади Дониш ҳамаи илмҳои ҷории замонаашро аз қабили забони арабӣ, мантиқ, нуҷум, табииёт, риёзиёт, фалсафаи калом, тиб, таърих, адабиёт ва шеършиносиро хеле хуб аз худ менамояд.
Аҳмади Дониш тахминан аз солҳои 1855 ба хидмати дарбори амир Насрулло даъват карда мешавад. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ маҳз бо донишу иродааш дар байни дарбориён мавқеи муҳим пайдо мекунад.
Дар ин давра Аҳмади Дониш ба Санкт Петербург 3 маротиба сафар мекунад. Маҳз сафарҳои Россия дар пеши назари Аҳмади Дониш як ҷаҳони тозаеро кушод.
Дар ҷараёни сафарҳои худ Аҳмади Дониш бо илму маданият, тартиботи давлатдорӣ, баъзе воқеаҳои сиёсии Руссияву Аврупо хубтар шинос шуда, ин сафарҳо дар ҷаҳонбинӣ ва фикру ақидаҳои ӯ таъсири калон гузоштааст. Пешрафти Россия нисбат ба Бухоро, тараққиёти саноату техникаи ҳарбӣ, ҳунарҳои санъати меъморӣ ва ғайраро дида, Аҳмади Дониш боварӣ ҳосил кард, ки агар инсон аз илму маърифат бархурдор бошад, ӯ қодир аст, ки дар рӯи замин мӯъҷизаҳои ҳайратангезе бунёд кунад.
Ӯ аз байни шоирон ва олимони маърифатдӯст ва тараққихоҳи замон мухлису дӯстони бисере дошт, ки чонсупорона ва самимона ӯро тарафдорӣ мекарданд, заковату дониш ва илму маърифати ӯро кадршиносӣ намуда, ӯро дар танҳои намегузоштанд. Дар ҳавлии Дониш ҳамеша шоирон, адибон, олимон ва мусиқичиён чамъ омада, маҷлисҳои адабӣ, илмӣ ва мусиқӣ барпо менамуданд. Аз шоирони намоёни он давр Шамсиддин Шоҳин, Музтариб ва Тамкин ҳам гоҳо ба зиёрати ӯ меомаданд. Шоҳин баъди хондани «Наводир-ул-вақоеъ» дар ситоиши дониш қасидае гуфта ва Музтариб онро мухаммас намуда, дар он душманон ва бадхоҳони Донишро сахт танқиду мазаммат намуданд.
Аҳмад махдуми Дониш дар синни 70 солагӣ соли 1897 дар шаҳри Бухоро аз олам чашм пӯшид. Аҳли илму адаб ва мухлисону шогирдони бисёраш ба сӯзу гудоз вафоти ӯро барои илму маърифат ва ҳаёти маданию фаннии он замон як талафоти калон медонистанд.
Ахмад Махдуми Дониш тӯли 71-соли умри осори гаронарзиши адабӣ-бадеӣ ва илмӣ боқӣ мондааст. Осори Дониш гуногунмавзӯъ, серсоҳа ва серпаҳлӯ мебошанд.
Дар мероси адабию илмӣ ва фалсафии Аҳмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ» аҳамияти калон дорад.
Муаллиф ба таълифи «Наводир-ул-вақоеъ» зиёда аз даҳ соли умрашро сарф намудааст. Аҳмади Дониш дар «Наводир-ул-вақоеъ» дар бораи тарбияи насли наврас, дар бораи усули таҳсили нодуруст ва аз талаботи ҳаёт дур будани мактабҳо ва ҳам мадрасаҳо хеле муфассал таваққуф намудааст. Дониш ба асари «Наводир-ул-вақоеъ» тавсифи ду сафари ба Россия кардаи худро низ дохил намудааст. Муаллиф дар ин ҳикояҳояш дар бораи маданият ва илми пешқадами Россия, дар бораи тараққиёти иҷтимоӣ ва иқтисодии ин мамлакат маълумот ва нақлҳои хеле шавқангез овардааст. Аҳмади Дониш ба ин восита, шахсони пешқадам ва умуман мардуми Бухороро ташвиқу тарғиб намудааст, ки илмҳои дунёвӣ ва санъату ҳунари инсониро, ки дар Россия хеле ривоҷу равнақ дорад, омӯзанд ва барои тараққиёти ҷамъият истифода баранд.
Мероси адабии Аҳмади Донишро жанрхои хурди лирикӣ: ғазал, касида, рубоӣ, қитъа ва ғайра ташкил медиҳад
Барои гиромидошти хотираи нависанда, шоир ва мутафаккири бузурги халқи тоҷик Аҳмад Махдуми Дониш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчаву хиёбонҳо ва яке аз Институтҳои Академияи миллии илмҳо ба номӣ ӯ номгузорӣ карда шудаанд.


Бозгашт ба рӯйхат