Эълони озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар

дастгоҳи Суди Олӣ ва дастгоҳҳои суди ВМКБ, вилоятҳо

ва шаҳру ноҳияҳо озмун эълон менамояд:

 

1. Дар Суди Олӣ:

- Сардори раёсати таъмини ташкили кори судҳо-1 ҷой- маоши мансабӣ 2658 сомонӣ;

- Сардори раёсати марҳилаи назоратӣ – 1 ҷой- маоши мансабӣ 2658 сомонӣ;

- Муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус – 1 ҷой- маоши мансабӣ 2184 сомонӣ;

- Муовини сардори раёсати омори судӣ – 1 ҷой-маоши мансабӣ 2184 сомонӣ;

- Сардори шуъбаи ҷамъбасткунии амалияи судӣ – 1 ҷой- маоши мансабӣ 1788 сомонӣ;

- Мудири бахши назорат – 1 ҷой- маоши мансабӣ 1470 сомонӣ;

- Мудири бахши амнияти дохилӣ ва пешгирии коррупсия – 1 ҷой- маоши мансабӣ 1470 сомонӣ;

- Сармутахассиси раёсати марҳилаи назоратӣ – 1 ҷой- маоши мансабӣ 1200 сомонӣ;

- Сармутахассиси раёсати баҳисобгирӣ ва муҳосибот – 2 ҷой- маоши мансабӣ 1200 сомонӣ;

- Сармутахассиси шуъбаи ҷамъбасткунии амалияи судӣ - 1 ҷой- маоши мансабӣ 1200 сомонӣ;

- Сармутахассиси бахши назорат – 1 ҷой- маоши мансабӣ 1200 сомонӣ;

- Сармутахассиси бахши иттилоот – 1 ҷой- маоши мансабӣ 1200 сомонӣ;

- Сармутахассиси Маркази таълимии судҳои назди Суди Олӣ – 1 ҷой- маоши мансабӣ 1200 сомонӣ;

- Мутахассиси пешбари раёсати марҳилаи назоратӣ - 1 ҷой- маоши мансабӣ 978 сомонӣ;

- Мутахассиси пешбари раёсати омори судӣ – 1 ҷой- маоши мансабӣ 978 сомонӣ;

- Мутахассиси пешбари раёсати таъмини ташкили кори судҳо – 1 ҷой- маоши мансабӣ 978 сомонӣ;

- Мутахассиси пешбари раёсати коргузорӣ – 1 ҷой- маоши мансабӣ 978 сомонӣ;

- Мутахассиси пешбари раёсати баҳисобгирӣ ва муҳосибот – 1 ҷой- маоши мансабӣ 978 сомонӣ;

- Мутахассиси пешбари шуъбаи ҷамъбасткунии амалияи судӣ – 1 ҷой- маоши мансабӣ 978 сомонӣ;

- Мутахассиси пешбари шуъбаи банақшагирӣ – 1 ҷой- маоши мансабӣ 978 сомонӣ;

- Мутахассиси пешбари бахши иттилоот – 1 ҷой- маоши мансабӣ 978 сомонӣ;

- Мутахассиси раёсати баҳисобгирӣ ва муҳосибот – 1 ҷой- маоши мансабӣ 804 сомонӣ;

- Мутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии қонунгузорӣ – 1 ҷой- маоши мансабӣ 804 сомонӣ;

- Мутахассиси шуъбаи банақшагирӣ – 1 ҷой- маоши мансабӣ 804 сомонӣ;

- Мутахассиси бахши амнияти дохилӣ ва пешгирии коррупсия – 1 ҷой- маоши мансабӣ 804 сомонӣ;

2. Дар суди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он:

- Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Душанбе – 2 ҷой- маоши мансабӣ 696 сомонӣ;

- Котиби судии суди шаҳри Душанбе – 1 ҷой- маоши мансабӣ 696 сомонӣ;

- Сардори шуъбаи коргузории суди ноҳияи И.Сомонӣ – 1 ҷой- маоши мансабӣ 1329 сомонӣ;

- Мутахассиси пешбар-тарҷумони суди ноҳияи И.Сомонӣ – 1 ҷой- маоши мансабӣ 804 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Фирдавсӣ – 1 ҷой- маоши мансабӣ 660 сомонӣ;

3. Дар суди ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он:

- Пристави судии суди шаҳри Хоруғ – 1 ҷой- маоши мансабӣ 846 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Дарвоз – 1 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

4.Дар суди вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он:

- Котиби маҷлиси судии суди вилояти Суғд – 3 ҷой- маоши мансабӣ 696 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Хуҷанд – 3 ҷой- маоши мансабӣ 660 сомонӣ;

- Котиби судии суди шаҳри Хуҷанд – 1 ҷой- маоши мансабӣ 660 сомонӣ;

- Мутахассис-муҳосиби суди шаҳри Хуҷанд – 1 ҷой- маоши мансабӣ 660 сомонӣ;

- Пристави судии суди шаҳри Панҷакент – 1 ҷой- маоши мансабӣ 804 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Панҷакент – 1 ҷой- маоши мансабӣ 696 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Исфара – 1 ҷой- маоши мансабӣ 660 сомонӣ;

- Сардори шуъбаи коргузории суди шаҳри Гулистон – 1 ҷой- маоши мансабӣ 1258 сомонӣ;

- Котиби судии суди шаҳри Гулистон – 1 ҷой- маоши мансабӣ 660 сомонӣ;

- Сардори шуъбаи коргузории суди шаҳри Конибодом – 1 ҷой- маоши мансабӣ 1323 сомонӣ;

- Пристави судии суди шаҳри Конибодом – 1 ҷой- маоши мансабӣ 804 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Конибодом – 2 ҷой- маоши мансабӣ 660 сомонӣ;

- Котиби судии суди шаҳри Конибодом – 1 ҷой- маоши мансабӣ 660 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Истиқлол – 1 ҷой- маоши мансабӣ 660 сомонӣ;

- Котиби судии судии суди шаҳри Истиқлол – 1 ҷой- маоши мансабӣ 660 сомонӣ;

- Пристави судии суди ноҳияи Деваштич – 1 ҷой- маоши мансабӣ 768 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Деваштич – 1 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Айнӣ – 2 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Ҷ.Расулов – 2 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Шаҳристон – 1 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи К.Мастчоҳ – 1 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

- Пристави судии суди ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой- маоши мансабӣ 768 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Ашт – 1 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

- Ёрдамчии раиси суди шаҳри Бӯстон – 1 ҷой- маоши мансабӣ 984 сомонӣ;

- Пристави судии суди шаҳри Бӯстон – 1 ҷой- маоши мансабӣ 804 сомонӣ;

- Котиби судии суди шаҳри Бӯстон – 1 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

5. Дар суди вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он:

- Сардори шуъбаи коргузории суди вилояти Хатлон – 1 ҷой- маоши мансабӣ 1387 сомонӣ;

- Ёрдамчии раиси суди вилояти Хатлон – 1 ҷой- маоши мансабӣ 1140 сомонӣ;

- Пристави судии суди вилояти Хатлон – 1 ҷой- маоши мансабӣ 846 сомонӣ;

- Мутахассиси пешбари суди вилояти Хатлон – 1 ҷой- маоши мансабӣ 846 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди вилояти Хатлон – 5 ҷой- маоши мансабӣ 696 сомонӣ;

- Сардори шуъбаи коргузории суди шаҳри Бохтар – 1 ҷой- маоши мансабӣ 1323 сомонӣ;

- Ёрдамчии раиси суди шаҳри Бохтар – 1 ҷой- маоши мансабӣ 984 сомонӣ;

- Котиби судии суди шаҳри Бохтар – 1 ҷой- маоши мансабӣ 660 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Муъминобод – 2 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Кӯшониён – 1 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

- Сардори шуъбаи коргузории суди ноҳияи Вахш – 1 ҷой- маоши мансабӣ 1258 сомонӣ;

- Ёрдамчии раиси суди ноҳияи Вахш – 1 ҷой- маоши мансабӣ 636 сомонӣ;

- Котиби судии суди ноҳияи Вахш – 1 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

- Пристави судии суди ноҳияи Фархор – 1 ҷой- маоши мансабӣ 768 сомонӣ;

- Сардори шуъбаи коргузории суди ноҳияи Шаҳритус – 1 ҷой- маоши мансабӣ 1258 сомонӣ;

- Пристави судии суди ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ– 1 ҷой- маоши мансабӣ 768 сомонӣ;

- Пристави судии суди ноҳияи Қубодиён – 1 ҷой- маоши мансабӣ 768 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Ёвон – 3 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

- Мутахассиси пешбар-тарҷумони суди ноҳияи Ёвон – 1 ҷой- маоши мансабӣ 804 сомонӣ;

6. Дар судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ:

- Сардори шуъбаи коргузории суди шаҳри Турсунзода – 1 ҷой- маоши мансабӣ 1323 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Турсунзода – 1 ҷой- маоши мансабӣ 660 сомонӣ;

- Сардори шуъбаи коргузории суди шаҳри Ваҳдат – 1 ҷой- маоши мансабӣ 1323 сомонӣ;

- Мушовири суди шаҳри Ваҳдат – 1 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Ваҳдат – 2 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

- Котиби судии суди шаҳри Ваҳдат – 1 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Варзоб – 1 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Файзобод – 1 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Рӯдакӣ – 2 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

- Пристави судии суди ноҳияи Шаҳринав – 1 ҷой- маоши мансабӣ 768 сомонӣ;

- Мутахассиси пешбар-тарҷумони суди ноҳияи Шаҳринав – 1 ҷой- маоши мансабӣ 768 сомонӣ;

- Мушовири суди ноҳияи Шаҳринав – 1 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Шаҳринав – 1 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

- Котиби судии суди ноҳияи Рашт – 1 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

- Котиби судии суди ноҳияи Тоҷикобод – 1 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Нуробод – 1 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

- Котиби судии суди ноҳияи Нуробод – 1 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

- Котиби судии суди ноҳияи Сангвор – 1 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

- Котиби судии суди ноҳияи Лахш – 1 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;


ИЛОВАТАН:

- Сармутахассиси бахши молияи суди вилояти Суғд – 1 ҷой- маоши мансабӣ 1140 сомонӣ;

- Сармутахассиси бахши молияи суди вилояти Хатлон – 1 ҷой- маоши мансабӣ 1140 сомонӣ;

- Сармутахассис-сармуҳосиби суди ноҳияи Сино – 1 ҷой- маоши мансабӣ 984 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Бохтар – 2 ҷой- маоши мансабӣ 660 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Панҷ – 1 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ;

- Ёрдамчии раиси суди ноҳияи Фирдавсӣ – 1 ҷой- маоши мансабӣ 1140 сомонӣ;

- Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Бӯстон – 1 ҷой- маоши мансабӣ 630 сомонӣ.

 

ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ БАРОИ ДОВТАЛАБОН:

 

- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, донистани як забони хориҷӣ афзалият дода мешавад;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сардор ва муовини сардори раёсатро ба танзим медарорад, ҳатмист;

- донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

- кор карда тавонистан бо компютер, ҳадди ақал бо барномаи "Word" ва кор карда тавонистан бо барномаи "Excel";

- дигар талаботи тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошанд.


АЗ ДОВТАЛАБОН ҲУҶҶАТҲОИ ЗЕРИН ТАЛАБ КАРДА МЕШАВАД:

 

- ариза ба унвони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (маълумоти шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ нишон дода шавад);

- тарҷумаи ҳол (1 чопӣ, 1 дастӣ);

- нусхаи шиноснома (агар ному насаб иваз карда шуда бошад, шаҳодатномаи ивази ному насаб);

- диплом ва нусхаи он бо замимааш;

- расм (3x4 ранга 4 дона ва 4x6 2 дона);

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молу мулкии худ;

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038УЕ);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ (талоқ);

- маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштан;

- ҷузвдон (скоросшиватель);

- лифофа (конверт).

 

Ҳуҷҷатҳо аз тарафи комиссияи қабул дар давоми 21 рӯз (то 11 апрели соли 2020) аз рӯзи нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун дар нишонии зерин қабул карда мешаванд:

- шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев-1, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ш. Шоҳтемур-81, суди ВМКБ;

- шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Сирдарё-46, суди вилояти Суғд;

- шаҳри Бохтар, кӯчаи Ваҳдат-27, суди вилояти Хатлон.

 

Номзадҳо метавонанд доир ба шартҳои озмун маълумоти васеътарро аз сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон www.sud.tj ва аз сомонаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон www.ahd.tj ё бо телефони 233-89-91, 233-83-62 ва 985-27-97-80 дастрас намоянд.


Возврат к списку


СОМОНАҲОИ МУФИД