ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАИ КОРОМӮЗ-СУДЯ

СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаи коромӯз-судя озмун эълон менамояд

 

Барои ишғоли вазифаи коромӯз-судя шахсе метавонад ҳуҷҷат супорад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ (шахсоне, ки 5 сол дар шӯъбаҳои рузонаи факултетҳои ҳуқуқшиносӣ таҳсил намудаанд) ва ё зинаи таҳсилоти магистратураро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм кардаанд, 3 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад, забони давлатӣ ва на камтар аз 2 забони хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, англисӣ, франсузӣ, немисӣ, хитоӣ ва арабиро донад, хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро (ба истиснои занон) адо карда бошад, синни ӯ аз 25 кам набошад.

 

Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

- Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (маълумоти шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ);

- Тарҷумаи ҳол (чопӣ ва дастӣ);

- Нусхаи шиноснома (намунаи соли 2014) агар ному насаб иваз карда шуда бошад, шаҳодатномаи ивази ному насаб;

- Диплом бо замимааш;

- Расм (3х4 4 дона ва 4х6 2 дона ранга);

- Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

- Эъломия дар бораи даромадҳо ва ваъзи молу мулки худ;

- Маълумотнома аз ҷойи истиқомат;

- Маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);

- Нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ;

- Хислатнома аз ҷойи кор;

- Тавсиянома оид ба шахсият ва касбият (на кам аз 3 адад)

- Маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштани худ ва хешу табори наздик;

- Ҷузвдон (скорошиватель)

- Лифофа (конверт)

Ҳуҷҷатҳо аз тарафи комиссияи қабул дар нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев-1, бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30 рӯз аз рӯзи нашри эълон дар рӯзномаи Ҷумҳурият ва сомонаи расмии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Довталабон метавонанд оид ба шартҳои озмун ба тариқи телефонҳои 2-33-89-91 маълумоти иловагӣ гиранд.


Бозгашт ба рӯйхат