Дар Пекини ҷаласаи 13-уми Раисони Судҳои Олии давлатҳои аъзои (СҲШ) баргузоргардид

Дар ҷаласа раисон ва судяҳои Судҳои Олии Қазоқистон, Хитой, Қирғизистон, Покистон, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Ўзбекистон, инчунин судяҳои Суди ОлииҲиндустон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Инчунин дар ҷаласа намояндагони давлатҳои нозир ва шарики мусоҳибавӣ, Котиботи СҲШ, Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ва Мудирияти иҷроияи Кумитаи зиддитеррористии Шўрои амнияти СММ ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ, ки дар фазои дӯстона, корӣ ва созанда сурат гирифт, масъалаҳои мубрам аз қабили«Дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ва ташкили «судҳои оқил», «Қоидаҳои беэътибор ҳисобидани далелҳои ғайри қобили қабул дар мурофиаи ҷиноятӣ ва амалияи судӣ», «Меъёрҳои ҳуқуқӣ ва амалияи судӣ оид ба хариду фурўши мол тибқи қарордодҳои наздисарҳадӣ» ва ғайрамавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, масъалаҳои фаромиллӣ оид ба татбиқи меъёрҳои ҳуқуқ ва ҳамкориҳо ҷиҳати муқовимат ба терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда ва дигар ҷиноятҳо, инчунин такмили усулҳои ҳамкории байналмилалии СҲШ дар самти адолати судӣ мавриди мубодилаи афкор сурат гирифтанд.

     Дар анҷом Изҳороти муштараки раисони Судҳои Олии кишварҳои аъзои СҲШ ба имзо расонида, тибқи он қарор карда шуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои ҳокимияти судии кишварҳо идома дода шуда, бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти судҳо, баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо ва бозомўзии амалияи мақомоти судии ҳамдигарӣ, таҷрибаисафарбар кардани судяҳо ба мақомоти судии кишварҳои аъзои СҲШ ҷорӣ карда шавад.


Возврат к списку


СОМОНАҲОИ МУФИД