БАРГУЗОРИИ ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШӢ

Рӯзҳои 30-31 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар дар мавзӯи «Стандартҳои мурофиаи судии одилона» бо иштироки судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тренинги омӯзишӣ баргузор гардид.

Тренинги мазкур дар доираи Ташаббуси “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат” дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи занҳои ҳуқуқшиноси Тоҷикистон» гузаронида шуд.

Ба ҳайси тренерон судяҳои Суди Олӣ Ваҳобзода Ш.Ҳ. ва Холиқмуродзода Д.А. баромад намуда, иштирокчиёни тренинг оид ба ҷанбаҳои муҳими стандартҳои байналмилалӣ ва таҳкими мустақилияти судяҳо дар самти риоя намудани стандартҳои байналмилалии мурофиаи одилона табодули афкор намуданд.


Бозгашт ба рӯйхат