Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

1 ноябри соли 2018 дар Суди Олӣ бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба «Конститутсия: заминаи асосӣ дар низоми нави ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши Конститутсия дар таҳкими давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон» ва «Конститутсия – бахтномаи миллат» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистонро гузошта, таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар намуд.

Вазифаҳои асосии ҳокимияти судӣ дар таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат ифодаи бевоситаи худро меёбад.

Муқаррароти мазкур кору фаъолияти суд ва судяҳо, мустақилияти онҳо ва имконияти холисонаю беғаразонаи баамалбарории адолати судиро таъмин менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши мақомоти судӣ дар таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, иброз намуданд, ки «Раванди ташаккули ягон давлати муосирро бе фаъолияти самараноки мақомоти судӣ, ки асоси таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ мебошад, тасаввур кардан ғайриимкон аст».

Бо дарназардошти аҳамияти фаъолияти ҳокимияти судӣ дар таъмини кафолатҳои конститутсионии арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар бобати таҳким бахшидан ба фаъолияти ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар иҷрои ҳамаҷонибаи вазифаҳои конститутсионии худ, такмил ва тақвияти сохтори судӣ, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардида истодааст.

Дар барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ масъалаҳои такмили минбаъдаи сохтори судӣ, таҳкими мустақилият ва масъулияти судҳо, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо, рушди қонунгузории соҳа ва таъмини дастрасии шаҳрвандон ба ёрии ҳуқуқии баландихтисос мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар интиҳо Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён тамоми кормандони мақомоти судиро ба муносибати 24-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияти пурмасъулашон комёбиҳои беназир ва оромию осоиштагии кишварамонро орзу намуд.


Бозгашт ба рӯйхат