Семинари мазкур бо иштироки раисон ва кормандони дастгоҳҳои судҳои вилояти Хатлон рӯзи 1 апрел дар шаҳри Бохтар, судҳои вилояти Суғд рӯзи 4 апрел дар шаҳри Хуҷанд ва судҳои ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он рӯзи 8 апрели соли 2019 дар шаҳри душанбе гузаронида шуд.
Дар семинар-тренингҳо тарзу усулҳои ташкил ва баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ, брифингҳо, мусоҳибаҳои матбуотӣ ва вохӯриҳо бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ва таҳия намудани варақаҳои иттилоотӣ омӯзонида шуд.
Бахши дигари семинар-тренинг сомонаҳои судҳоро фаро гирифт. Дар ин бахш оид ба коркарди сомонаҳо, ворид намудан ва азнавсозии иттилооти сомонаҳо ба мутасаддиёни сомонаҳо, кормандони судҳо маълумот пешниҳод карда шуд.
Дар нишастҳои матбуотӣ раисони судҳои шаҳри Бохтар – А.Ёқубзода, шаҳри Левакант – Р.Назарзода, ноҳияи Б.Ғафуров – М.Бурҳониён ва ноҳияи Ҷ.Расулов – А.Абдуҷабборӣ оид ба натиҷаи фаъолияти судҳо дар давоми семоҳаи якуми соли 2019 ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ахборот доданд.
Сипас, аз ҷониби хабарнигорон саволҳо пешниҳод гардида, ба ҳамаи саволҳо аз ҷониби раисони судҳо посухҳо дода шуданд.
Бахши иттилооти Суди Олӣ
.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
