ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР”

7 марти соли ҷорӣ дар толори “Кохи Борбад” чорабинии тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи модар” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки дар он судяҳои Суди Олӣ Ҳаким Рухшона, Саидзода Марзия, Солеҳзода Заррина ва сардори Раёсати банақшагирӣ, муҳосибот ва таъминоти моддию техникии судҳо Таварова Наргис ҳузур доштанд.

54370344011_3e2dbe7cc3_b.jpg

Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ иброз намуданд, ки занону бонувони муосири тоҷик аз насли занони қаҳрамону ватандӯсти ориёӣ мебошанд ва озодиву иззату иффати аҷдодии худро дар шароит ва рӯзгори нав ҳифз кардаанд. Зане, ки босавод ва соҳибмаърифату соҳибҳунар мебошад, илова ба тарбияи фарзанд, дар пешбурди ҳадафҳои давлат, ободии Ватан ва раванди созандагӣ фаъолона ширкат меварзад ва дар эъмори ҷомеаи демокративу дунявӣ ва озоду пешрафта саҳми арзишманд мегузорад. Зан – модар ин саҳмро бевосита худаш дар замони зиндагӣ ва кору фаъолияташ ва баъдан ба воситаи фарзандонаш, ки онҳоро ҳамчун насли босаводу донишманд ва соҳиби касбу ҳунар ба камол расонидааст, мегузорад.

54370582738_18a8e1db3c_b.jpg

Ин чорабинии пуршукӯҳ дар оғози фасли баҳор, ки рамзи эҳёи табиат ва зиндагии нав мебошад, баргузор шуда, ба таҷлили яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ — Наврӯзи байналмилалӣ рост омад.

Ширкат дар чунин чорабиниҳо на танҳо ифтихори касбӣ, балки эҳтироми модар ва занон ҳамчун пояҳои асосии ҷомеа мебошад. Бонувони Суди Олӣ дар баробари кору фаъолияти ҳамарӯзаи худ, дар ин гуна чорабиниҳо муаррифии нақши занонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ муаррифӣ менамоянд.


Бозгашт ба рӯйхат