Имрӯз, 11 марти соли 2025 дар толори Суди Олӣ маҷлиси корӣ баргузор гардид. Дар маҷлис роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳ иштирок карданд. Дар ҷараёни маҷлис масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти корӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта баррасӣ шуданд. Муовинони Раиси Суди Олӣ оид ба иҷрои саривақтӣ ва босифатӣ Нақшаҳои миллӣ ва дохилиидоравӣ аз шахсони масъул гузоришҳоро шунида, оид ба амалишавии тадбирҳои банақшагирифташуда, дастурҳои лозима доданд.
Инчунин, аз ҷониби роҳбарият диққати хоса ба масъалаи риояи интизоми меҳнат дода шуда, таъкид шуд, ки саривақт ҳозир шудан ба кор ва риояи вақти муқарраргардида барои таъмини самаранокии фаъолияти умумӣ аҳамият дорад. Бо мақсади рушди малакаҳои кадрӣ, ба омузиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумла, англисӣ аҳамияти махсус дода шуд. Роҳбарият пешниҳод намуд, ки чорабиниҳои мувофиқ барои дастгирии ин ташаббус амалӣ шаванд.
Ғайр аз ин, дар маҷлис масоили марбут пешниҳод намудани лоиҳаҳои қарорҳои Пленуми Суди Олӣ матраҳ гардид. Дар хотима, супоришҳои дахлдор қабул гардида, иҷрои онҳо ба масъулон супурда шуд.