ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПОЯИ СУЛҲ ВА ЗАМИНАИ ПЕШРАФТИ МИЛЛАТ

Имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи 22-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро гирифтааст.
Дар ин айёми омодагӣ ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмӣ ба он хотир аст, ки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан насли ҷавон аз он ифтихор намояд, сабақ гирад, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ - иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намояд.
Бинобар дар солҳои навадум ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардидани миллати мо, иқтисодиёти кишвар ба пуррагӣ ба нестӣ рафта, чандин ҳазор нафар ҳамдиёронамон куштаю қариб як миллион нафар гуреза ва муҳоҷир шуданд. Ҳукумати қонунӣ воқеан фалаҷ гашта, бесарусомонӣ дар кишвар ҳукмфармо буд. Коршиносону сиёсатмадорони дохилию хориҷӣ ба ин ақида буданд, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дуру дароз идома хоҳад ёфт ва он қариб метавонист давлати моро ба нестӣ оварда расонад. Хатари маҳв шудан ба миён омада буд. Дар ин вазъият барои мамлакат сарваре лозим буд, ки барои сулҳу ваҳдати миллӣ ҷони худро дареғ надорад ва манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои маҳалу гуруҳ болотар гузорад. Ҳамин буд, ки моҳи ноябри соли 1992 намояндагони мардумӣ Иҷлосияи ғайринавбатии 16-уми Шӯрои Олиро доир намуда, аз миёни бисёр шахсиятҳо Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси сарвари Тоҷикистон пазируфтанд.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ба мақоми олии мамлакат нишастан, дар муроҷиат ба халқи шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 зимни нахустсавганди ёднамудааш гуфта буд: “Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам…”
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал роҳи ҳалли ихтилоф дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳи мамлакатро дар машварат ва гуфтушуниди миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медид ва барои амалӣ кардани ин нақша саъю талошҳо меварзид. Музокироти байни тоҷикон, ки ҳайати Ҳукуматро Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекарданд бо намояндагони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, 16 январи соли 1994 баргузор гардид.
Марҳилаи муҳимтарин дар раванди сулҳ, гуфтушуниди байни тоҷикон аст, ки моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав сурат гирифта буд. Баъдан, ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик дар шаҳрҳои Алмаато, Ашқобод, Бишкек, Исломобод, Кобул ва Машҳад мулоқот гузаронданд. Ҷустуҷӯи роҳу усулҳои расидан ба сулҳу субот барои тоҷикон зиёда аз се сол идома ёфт. Табиист, ки дар ин мулоқотҳо ҳар тараф шартҳои манфиатноки худро пешниҳод менамуд ва билохира 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав мулоқот баргузор гардид, ки бо таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ва имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” анҷом пазируфт.
Президенти мамлакат бори дигар ба ҳамватанон муроҷиат намуда таъкид доштанд, ки “Бо назардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем”.
Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди душвор, вале муҳими сиёсие буд, ки сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуда, заминаи муттаҳидӣ ва якпорчагии онро фароҳам сохт ва давлатдории тоҷиконро аз вартаи нобудӣ наҷот дод. Бо тасвиби “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” марҳилаи басе душвор, вале тақдирсози таърихи навини Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин марҳила нерӯҳои гуногуни сиёсӣ пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастовардҳои миллат аст.
Сулҳ таҷассумгари якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардум аст. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, поктинату миллатдӯст буданро ифода мекунад. Он таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, моҳияти ҳастии инсон дар ҳама давру замон аст. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор нигоҳ дошта метавонем.
Имрӯз дарахти сулҳу ваҳдати тоҷикон меваҳои шаҳдборе ба бор овардааст. Чун фарзандони бонангу номуси миллат, бо сулҳу ваҳдати кишвари азизамон бояд ифтихор дошта бошем, зеро иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он ибтидо мегирад. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин кишвар ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ бахшидааст.

Раҷабзода С.А.
Сармутахассиси Маркази таълимии
судяҳои назди Суди Олӣ

Возврат к списку