ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – РӮЙДОДИ МУҲИМИ ТАЪРИХӢ ВА ДАСТОВАРДИ НОДИРИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Фардо ба имзои санади басо муҳим ва барои халқу давлатамон тақдирсоз - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бисту ду сол пур мешавад.
Таърихи начандон дури давлату миллати мо хуб дар ёд дорад, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон гуруҳҳои алоҳида таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи нерӯҳои бегона қарор гирифта, Ватани азизамон - Тоҷикистонро ба гирдоби низоъҳои дохилию мухолифатҳои мусаллаҳона кашида, ҷанги шаҳрвандиро бар дӯши мардуми тоҷик бор намуданд, ки дар натиҷа ҳатто хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба миён омада буд.
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои иқтисодиёти кишварамон таъсири азими манфӣ расонида, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар одамон гардид.
Фазои ноороми кишвар ва авҷи ноумедӣ дар дили мардум ба он оварда расонида буд, ки як қисми ҳамватанонамон хонаву дари худро гузошта, ба давлатҳои ҳамсоя гуреза шуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки сулҳу субот ба мардуми Тоҷикистон осон муяссар нашуда, барои расидан ба ин дастоварди бебаҳо дар тули 5-6 сол ҷаҳду талошҳои зиёду хатарноке анҷом дода шудаанд.
Бо мақсади хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ байни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мухолифин музокироти дурудароз доир карда шуданд. Аввалин иқдомҳо дар роҳи қатъи хунрезӣ ва ба ҳам овардани гуруҳҳои ба ҳам мухолиф аз Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олӣ шурӯъ гардиданд.
Ҳамин тавр то рӯзи имзои созишнома байни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мухолифин ба таври расмию ғайрирасмӣ мулоқоту вохӯриҳои зиёде доир карда шуда, ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар шаҳри Маскави Федератсияи Росия ба имзо расонида шуд.
Бо шарофати ин санади ҳаётан муҳим ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида шуда, барои гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шуданд.
Воқеан 27 июни соли 1997 дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ватанамон – Тоҷикистон як санаи муҳими таърихӣ ва рӯйдоди нодир мебошад, ки мардуми тоҷик чандин солҳо орзуи дидани ин рӯзро доштанд.
Мехоҳам иброз намоям, ки чунин рӯзҳои таърихию хотирмон дар ҳаёти ҳеҷ як халқу миллате худ аз худ ба вуҷуд наомада, дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва азму иродаи қавии шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ муяссар мешаванд.
Чунин шахсияти таърихӣ дар ҷомеаи мо, ки барои бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва барқарор сохтани сулҳу ваҳдати миллӣ хизматҳои ниҳоят бузургу хирадмандона карда, дар таърихи давлату миллат як марҳилаи навро ба миён овард, Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҷаҳду талошҳо ва хизматҳои бузургу тақдирсози Сарвари давлатро ба инобат гирифта, ӯ соли 2015 дар асоси қонун ва соли 2016 дар асоси қонуни конститутсионӣ «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» эътироф гардид.
Баъди имзои созишнома барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, давра ба давра таъмин намудани сулҳу оромӣ ва дар амал татбиқ сохтани муқаррароти санадҳои имзошуда Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд.
Аъзои Комиссияи оштии миллӣ барои таъмини сулҳу субот ва муҳайё намудани заминаи мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар заҳмати зиёд кашиданд.
Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид.
Муҳимтар аз ҳама, хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллат пешгирӣ карда шуд.
Дар баробари ин, дар асоси Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав қабул гардиданд.
Махсусан соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, бори нахуст дар таърихи сиёсии Тоҷикистон парламенти дупалатагии доимоамалкунандаи касбӣ таъсис дода шуд. Дар асоси ин тағйиру иловаҳо қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуданд, ки ҳамаи ин санадҳо суботу оромӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшиданд.
Хушбахтона ҳоло Тоҷикистон ба як кишвари зебо ва орому осуда табдил ёфта, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ як давлати мустақил ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ эътироф гардидааст.
Аз фазои тенҷию оромии Ватан ҳамагон нафаси осудаву осоишта мекашем. Вале набояд фаромӯш созем, ки то расидан ба ин рӯзҳои нек чи қадар сахтиҳову рӯзҳои сангин паси сар шуданд.
Махсусан дар шароити ниҳоят мураккаби имрӯза мо бояд ватанамонро ҳамеша дӯст дошта, ваҳдати миллиамонро ҳифз намоем ва нагузорем, ки бадхоҳони миллати мо ин сарзамини зебову оромамонро зери ҳадафу ниятҳои нопокашон қарор диҳанд.
Дар охир ба кулли ҳамватанон 22-юмин солгарди ҷашни Ваҳдати миллиро самимона табрик намуда, дар хонадони ҳар кадоми онҳо сулҳу суботи устувор хоҳонам.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак.

Азиззода Х.Ш.
Мудири бахши назорати Суди Олӣ

Возврат к списку