Санаи 22 марти соли 2025 ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ доир шуд. Дар чорабинӣ Раиси Суди Олӣ Мирзозода Р.П., иҷрокунандаи раиси шаҳри Норак Мирзозода И.Х., раиси суди вилояти Хатлон Расулзода Н.Ғ. ва дигар намояндагони масъули шаҳр иштирок намуданд.
Чорабинии идонаро иҷрокунандаи раиси шаҳри Норак муҳтарам Мирзозода И.Х. оғоз намуда, ҳозиринро ба Иди байналмилалии Наврӯз шодбош гуфта, таъкид дошт, ки боиси хушҳолӣ ва сарбаландии мо тоҷикон аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат ва қабули қатъномаи Шурои 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 26 феврали соли 2010 ҷашни Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ пайдо намуда, ҳамасола дар кишвари азизи мо санаҳои 21-24 март бо риояи расму анъанаҳои миллӣ дар сатҳи баланд баргузор карда мешавад.
Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад сокинони шаҳри Норакро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик гуфта, зикр намуданд, ки имрӯз бо сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат кулли башарият маҳаки асосии Наврӯзро, ки инсонмеҳварӣ, ободкорӣ ва таҳкими дӯстию ҳамдилист, дақиқ дарк намуда, онро ҷузъе аз фарҳанги хеш пиндоштанд ва ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки Наврӯз амали созанда ва эҷодкунандаро чун нахустунсури фаъолияти инсон муаррифӣ кард, ки баёнгари возеҳтарини он барзгарӣ ва кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ фаъолияти иқтисодӣ ва созандаи иҷтимоист. Маҳз ҳамин амал имкон медиҳад, ки ҷомеа ба пешрафт ва рушди матлуб ноил гардад.
Ба муносибати ин ҷашн, як қатор роҳбарон, фаъолон ва ҷавонони шаҳр, барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ бо Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинии идона намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ, расму русум ва оинҳои наврӯзӣ, инчунин барномаи фарҳангӣ ба чорабинии тантанавӣ ҳусни бештар ва шаҳомати баландтар бахшид.