1 апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси корӣ бо иштироки Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П., муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими корӣ, аз ҷумла риояи интизоми меҳнат, иштироки фаъолона дар чорабиниҳо, сари вақт ба дафтархонаҳо пешниҳод намудани мавод ва қарорҳои судӣ ва баррасии пурраю дақиқи шикоятҳои шаҳрвандон мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Раиси Суди Олӣ зимни суханронии худ ба зарурати татбиқи дуруст ва якхелаи талаботи қонунгузорӣ, боло бурдани масъулияти хизматӣ ва такмили тартиби баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон таъкид намуданд. Ҳамзамон, масъалаи иҷрои саривақтии қарорҳои судӣ ва вокуниш ба муроҷиатҳои воридгардида мавриди баррасӣ қарор гирифта шуд.
Ҳамчунин, дар ҷаласа масъалаи омори Суди Олӣ дар мавриди бозсанҷии боҷҳои давлатӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Ба масъулин супориш дода шуд, ки таҳлили муфассал анҷом дода, иҷрои шаффофу дақиқи ин равандро таъмин намоянд. Дар баробари ин, муҳлати ва тартиби баргузории Конфронси Созмони Ҳамкории Шанхай низ муҳокима гардида, ҷиҳати таёрии ҳамаҷониба дар ин чорабинӣ тавсияҳо пешниҳод шуданд.
Рӯйхати кормандоне, ки корро тарк кардаанд ва онҳое, ки айни ҳол фаъолият доранд, мавриди таҳлил қарор гирифт. Ба масъулин супориш дода шуд, ки назорати қатъии раванди интихоби кадрҳо таъмин намуда, барои ҷалби шахсони соҳибтаҷриба ва касбӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Ҳамзамон, масъалаи аттестатсияи кормандон мавриди баррасӣ қарор гирифта, зарурати такмили донишу малакаи касбӣ таъкид гардид.
Дар фарҷоми маҷлис инчунин масъалаҳои дигари марбут ба беҳбуди фаъолияти судӣ ва татбиқи адолати судӣ дар кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Раиси Суди Олӣ ҳамаи кормандонро ба иҷрои масъулиятноки вазифаҳои худ даъват намуда, зарурати тақвияти назорат ва масъулиятшиносиро дар ҳама сатҳҳо таъкид карданд.