ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ШАРИКОНИ РУШД

Имрӯз, 14 апрел дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раис Тағозода А.С. ва дигар шахсони масъул намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Финляндияро ба ҳузур пазируфтанд.

65623.jpg

Зимни мулоқот бо шарикони рушд масъалаҳои амалинамоии раванди рақамикунонии низомии судии кишвар аз ҷониби тарафҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

56523.jpg

Зикр гардид, ки яке аз мақсадҳои аввалиндараҷаи роҳбарияти Суди Олӣ аз тезонидани самти рақамикунонии хизматрасонии судӣ ҷиҳати дастрасии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба адолати судӣ бо тарзҳои муосир равона шудааст.

8656.jpg

Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Финляндия ва БРСММ дар Тоҷикистон омодагии ҳаматарафи худро оид ба дастгирии ислоҳоти судӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар низоми судии Тоҷикистон изҳор доштанд.



Бозгашт ба рӯйхат