Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

8 майи 2025 дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии бошукуҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар маросим роҳбарияти олии кишвар, аъзои Ҳукумат, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ, Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия ва собиқадорон ҳузур доштанд. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад низ дар ин чорабинӣ иштирок намуд.

54505058330_85f9248ffa_b.jpg

Президенти кишвар дар суханронии худ саҳми бузурги мардуми Тоҷикистонро дар Ғалаба ва таъмини сулҳи ҷаҳонӣ таъкид намуда, ҳифзи истиқлолу амниятро вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар номиданд.

Баъд аз суханронӣ маросими гулчанбаргузорӣ ва гузашти низомӣ бо иштироки Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратии кишвар доир гардид.

54505058470_e15243215e_b.jpg

 


Бозгашт ба рӯйхат