МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ

Имрӯз 5 сентябри соли 2019 дар Суди Олӣ бахшида ба таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
IMG_6981.JPGДар маҷлиси тантанавӣ роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ, судяҳои судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он иштирок намуданд.
Маҷлисро Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо Ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатӣ табрик карда, дар бораи моҳияти Истиқлолият ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳо барои ҳар як давлат буда, маҳз Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки миллати шарафманди тоҷик ба комёбиҳои беназир ноил гардад.
Дар роҳи инкишофи ниҳодҳои демократӣ ташаккули хокимияти судӣ ва татбиқи амалӣ намудани адолати иҷтимоӣ дар мамлакат нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим ва таърихӣ мебошад.
Халқи Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат бо дарки баланди масъулиятшиносӣ соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро таъмин намуда, ҷомеаи дар ҳақиқат демократию ҳуқуқбунёд ва адолатпарварро бунёд карда истодааст.
IMG_6977.JPGДар идомаи маҷлиси тантанавӣ судяҳои Суди Олӣ дар мавзӯъҳои «Моҳият ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ», «Зарурият ва моҳияти барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими ҳокимияти судӣ» маърӯзаҳо намуданд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки дар таърихи ҳар давлату миллат марҳилаҳое фаро мерасанд, ки бо назардошти моҳияташон сарнавиштсозанд. Муҳимтарин нишонаи давлати устувор ба даст овардани Истиқлолият, доштани Конститутсия ва ҳокимияти устувори конститутсионӣ мебошад. Бо эълон шудани Истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳонӣ бо таъриху фарҳанги тамаддунсози оламшумулаш шинохта шуда, ба сӯи инкишофи мустақилона қадам ниҳод.
Дар даврони истиқлол маҳз бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти судии кишвар низ воқеан ба шохаи мустақили ҳокимият табдил гардида, тадриҷан зина ба зина бо такмилу таҳкими қонунгузории соҳа ва амалӣ гардидани чорабиниҳои дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ пешбинигардида тақвият меёбад.IMG_6991.JPG
Дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён иштироккунандагонро бори дигар бо фарорасии Ҷашни муқаддаси миллиамон шодбош гуфта, кори маҷлисро хотима бахшиданд.

Возврат к списку