Мулоқот бо намояндагони САҲА

Рӯзи 10 декабри соли 2019 намояндагони Дафтари ниҳодҳои демократӣ оид ба ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо - мушовири калон оид ба интихобот дар ДНДҲИ/САҲА Алексей Громов, мушовир оид ба интихобот дар ДНДҲИ/САҲА Алексей Личковах ва афсари калон оид ба барномаҳо аз Ассамблеяи САҲА Фаримаҳ Дафтарӣ аз ҷониби Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфта шуданд.
Дар ҷараёни мулоқот қайд гардид, ки низоми интихобот падидаи муҳими демократия, маҷмуи муносибатҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, дар алоқамандӣ бо ташкил намудани мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва ҳуқуқи субъективии шаҳрванд оид ба интихобкунӣ ва интихобшавӣ мебошад.
Суди Олӣ ва судҳои шаҳрию ноҳиявӣ тибқи талаботи Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” шикоятҳоро нисбати қарорҳои комиссияҳои интихоботӣ вобаста ба рад намудани бақайдгирии номзадҳо ба вакилӣ ва умуман баҳсҳое, ки ҳангоми амалисозии чорабиниҳои омодагӣ ва баргузории интихобот ба миён меоянд ва доир ба онҳо комиссияҳои интихоботӣ қарор қабул мекунанд, баррасӣ ва ҳал менамоянд.
Инчунин, дар рафти мулоқот масъалаҳо дар бораи тартиби пешниҳоди ариза, шахсоне, ки ба суд бо ариза муроҷиат карда метавонанд, муҳлати муроҷиат ба суд ва муҳлатҳои аз ҷониби суд баррасӣ намудани аризаҳо дар бораи ҳифзи ҳуқуқи интихоботӣ, қабули ҳалнома оид ба ин гуна категорияҳои парвандаҳо, иҷрои онҳо ва дигар масъалаҳои мурофиавӣ вобаста ба ҳуқуқҳои интихоботӣ мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифт.
IMG_7230.JPGҚайд гардид, ки мутобиқи моддаи 259-и Кодекси зикргардида, интихобкунандагон, мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро пешбарӣ кардаанд, худи номзадҳо, шахсони боэътимод, нозирон метавонанд ба суд бо ариза муроҷиат кунанд.
Тавре аз муқаррароти қонунҳои зикршуда дида мешавад, барои баррасии арзу шикоятҳо роҷеъ ба муносибатҳои ҳуқуқи интихобот муҳлатҳои кутоҳ муқаррар карда шудааст. Ин пеш аз ҳама ба хусусиятҳои хоси муносибатҳои интихобот алоқаманд буда, дар муҳлатҳои кутоҳтарин баррасӣ намудани арзу шикоятҳо низоми боэътимоди интихоботро таъмин менамояд.
Инчунин, дар мулоқот салоҳияти Суди Олӣ ва судҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва дигар масъалаҳо вобаста ба ҳуқуқи интихобот ва омодагии мақомоти судӣ ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Бахши иттилооти Суди Олӣ

Бозгашт ба рӯйхат