Таъиноти маҷлиси судии суди ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд

Т А Ъ И Н О Т И   М А Ҷ Л И С И   С У Д Ӣ

25 феврали соли 2020                                                                                                        ноҳияи Мастчоҳ

Суди ноҳияи Мастчоҳ дар ҳайати раисикунаяда Убайдзода М.М. бо котибии Захруддинов Ш, бо иштироки Раиси Комиссияи иоҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Мастчоҳ Шарофов Ҷ. дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар бинои суди ноҳияи Мастчоҳ парвандаи гражданиро бо аризаи Ҳусенов Ҳусен Тоҳирович нисбати Раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Мастчоҳ Шарофов Ҷ. оиди амал (беамалӣ)-и Раиси Комиссияро баррасӣ намуда,-

М У А Й Я Н     К А Р Д:

Ҳусенов Ҳусен Тоҳирович нисбати Раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқии нохияи Мастчоҳ Шарофов Ҷ. оиди амал (беамалӣ)-и Раиси Комиссия ба суд муроҷиат намуда, баён намудааст, ки ӯро Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Мастчоҳ ҳамчун номзад ба қайд гирифта шуда, аммо шаҳодатномаи номзадии вакили ноҳиявӣ ба ӯ дода нашудааст. Аз суд хохиш намудааст, ки ҳуқуқҳои ӯ барқарор карда шавад.
Дар мурофиаи суди аз ҷониби аризадиҳанда Ҳусенов Ҳусен Тоҳирович аризаи хаттӣ пешниҳод карда шуда, хоҳиш намудааст, ки ӯ аз аризааш даст мекашад ва баррасии парванда дар суд қатъ карда шавад. Зеро айни ҳол ба ӯ аз ҷониби Раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Мастчоҳ шаҳодатномаи номзадӣ дода шудааст. Бинобарин аз ин аз аризааш даст мекашад.
Дар маҷлиси судӣ аризадиҳанда Ҳусенов Ҳ. аризаашро оиди даст кашидан аз ариза ва қатъ намудани парвандаро дастгирӣ намуда, аз суд хоҳиш намуд, ки бинобар даст кашидан аз аризааш, баррасии парвандаи гражданӣ бо аризаи ӯ нисбати Раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Мастчоҳ оиди амал (беамалӣ)-и Раиси Комиссия қатъ карда шавад.
Раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқии нохияи Мастчоҳ Шарофов Ҷ. дар суд бо мазмуни аризаи Ҳусенов Ҳ. шинос гардида, иброз намуд, ки дар ҳақиқат аз ҷониби ӯ ба Ҳусенов Ҳусен шаҳодатномаи вакили айни ҳол дода шудааст. Хоҳиш намуд, ки аризаи Ҳусенов Ҳ. оиди даст кашидан аз аризааш қонеъ карда шуда, парванда катъ карда шавад.
Тибқи талаботи моддаи 43 кисми 1-и КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс даъвогар ҳуқуқ дорад аз даъво даст кашад.
Аз рӯи талаботи кисми 2-и моддаи зикршуда суд даст кашидани даъвогарро аз даъворо қабул намекунад агар он хилофи қонун бошад ё ҳуқуқ ва манфиатҳои конунии дигар шахсонро халалдор созад.
Суд аз ариза даст кашидани аризадиҳанда Ҳусенов Ҳусен Тоҳировичро бинобар сабаби хилофи қонун набуданаш, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дигар шахсонро халалдор насохтанашро ба инобат гирифта қабул кардани он ва қатъ намудани баррасии парвандаро мувофиқи мақсад мешуморад. Зеро аз замимаи аризаи пешниҳодкардаи аризадиҳанда Ҳусенов Ҳ. ва маводҳои парванда муайян гардид, ки аз санаи 20-уми феврали соли 2020 ба Ҳусенов Ҳусен шаҳодатнома аз тарафи Раиси Комиссияи ноҳиявии иитихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Мастчоҳ дода шудааст. Тибқи талаботи моддаи 225 сархати 3-и КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати агар даъвогар аз даъво даст кашида бошад ва суд онро қабул карда бошад, суд баррасии парвандаро қатъ менамояд.
Аз ин рӯ суд лозим мешуморад, ки аз ариза даст кашидаии аризадиҳандаро қабул намуда, баррасии парвандаро катъ намояд.
Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 176, 225, 229-230 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон суд,-

Т А Ъ И Н    К А Р Д:

Аз ариза даст кашидани аризадиҳанда Ҳусенов Ҳусен Тоҳирович қабул карда шавад.
Баррасии парвандаи гражданӣ бо аризаи Ҳусенов Ҳусен Тоҳирович нисбати Раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Мастчоҳ Шарофов Ҷ. оиди амал (беамалӣ)-и Раиси Комиссия, бинобар даст кашидани аризадиҳанда Ҳусенов Ҳусен аз аризааш қатъ карда шавад.
Тарафҳо нисбат ба таъиноти мазкур метавонанд ба суди вилояти Суғд дар мӯҳлати се шабонарӯз аз рӯзи ба шахсони иштирокчии парванда супоридани нусхаи таъинот тавассути ҳамин суд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.

Раисикунанда
Судяи суди ноҳияи Мастчоҳ                                                                                                 Убайдзода М.М.


Бозгашт ба рӯйхат