ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – РӮЙДОДИ МУҲИМИ ТАЪРИХӢ ВА ДАСТОВАРДИ НОДИРИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Дар таърихи ҳар давлату миллат рӯзҳои нек ва арзишманде ҳастанд, ки аз рӯйдодҳои нек ва ба ояндаи дурахшон роҳнамоӣ намудани халқу Ватан башорат медиҳанд. Яке аз чунин рӯзҳои заррин барои миллати тоҷик рӯзи 27 июни соли 1997, яъне рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ҳамасола ин санаи муҳим ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар фазои муттаҳидию сарҷамъӣ таҷлил карда мешавад ва ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон дар остонаи 23-юмин солгарди ин ҷашни муқаддас қарор дорад.

Таърихи начандон дури давлату миллати мо хуб дар ёд дорад, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон гуруҳҳои алоҳида таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи нерӯҳои бегона қарор гирифта, Ватани азизамон - Тоҷикистонро боғаразона ба гирдоби низоъҳои дохилию мухолифатҳои мусаллаҳона кашида, ҷанги шаҳрвандиро бар дӯши мардуми тоҷик бор намуданд, ки дар натиҷа ҳатто хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба миён омада буд.

Ҳадафи асосии ин гуруҳҳои низоангез, ки зери парчами тундгароии динӣ ба майдони мубориза бар зидди истиқлолият ва якпорчагии Тоҷикистон ворид шуданд, дар Тоҷикистон барпо намудани давлати исломӣ ва давлати моро тобею пойбанди сиёсатҳо ва идеологияҳои иҷборӣ кардан буд. 

Тавре собит шудааст, ин бадхоҳони миллат ҳатто дар он давра низ танҳо фаъолият накарда, ба марказҳои ғайридавлатию ғайриҳукуматии экстремизми байналмилалии динӣ такя менамуданд.

Дар натиҷаи ин фоҷиа ҳазорон шаҳрвандон ҷони худро аз даст доданд, ҳазорҳо нафарони дигар ятиму бепаноҳ монданд ва беш аз як миллион ҳамватанони мо аз хонаву манзили обод бенасиб гардида, азоби талхи ғарибӣ кашиданд. 

Ғайр аз ин, ба Тоҷикистон хисороти калони иқтисодӣ расонида шуда, ба маънавиёт ва руҳу равони миллат зарбаи ҷонкоҳу бадоқибате зада шуд, ки осори он ҳанӯз ҳам аз зеҳну дили мардум дур нарафтааст.

Бояд ёдовар шуд, ки сулҳу субот ба мардуми Тоҷикистон осон муяссар нашуда, барои расидан ба ин дастоварди бебаҳо ҷаҳду талошҳои зиёду хатарноке анҷом дода шудаанд. 

Бо мақсади хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ байни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мухолифин музокиротҳои дурудароз доир карда шуданд.

Аввалин иқдомҳо дар роҳи қатъи хунрезӣ ва ба ҳам овардани гуруҳҳои ба ҳам мухолиф дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олӣ шурӯъ гардиданд.

Ҳамин тавр дар раванди ҳашт давраи музокироту бисту як вохӯриҳои расмии байни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мухолифин, ки қариб чор сол идома ёфтанд, ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия ба имзо расонида шуд. 

Бо шарофати ин санади ҳаётан муҳим ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида шуда, барои гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шуданд. 

Воқеан 27 июни соли 1997 дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ватанамон - Тоҷикистон як санаи муҳими таърихӣ ва рӯйдоди нодир мебошад, ки мардуми тоҷик чандин солҳо орзӯи дидани ин рӯзро доштанд.

Атрофи чунин рӯзи таърихию хотирмони миллат сухан рондану, аз заҳмату талошҳои шахсиятҳои ватандӯсту барҷастаи таърихӣ, ки барои расидан ба ин рӯзҳои осоишта ва раҳоӣ сохтани миллат аз фоҷиаҳои мудҳиш заҳмату ранҷҳои зиёде кашиданд, ёд накардан ноҳақию ноадолатист.

Яъне, рӯзҳои таърихию хотирмон дар ҳаёти ҳеҷ як халқу миллате худ аз худ ба вуҷуд наомада, дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва азму иродаи қавии шахсиятҳои бузургу барҷаста муяссар мешаванд.

Чунин шахсияти таърихӣ дар ҷомеаи мо, ки барои бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва барқарор сохтани сулҳу ваҳдати миллӣ хизматҳои ниҳоят бузургу хирадмандона карда, дар таърихи давлату миллат як марҳилаи навро ба миён овард, Сарвари маҳбуби давлатамон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бешубҳа дар таърихномаи миллати тоҷик номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нафароне, ки ҳамроҳи ӯ дар барқарорсозии сулҳу суботи Тоҷикистон саҳми худро гузоштанд, ҳазорсолаҳо бо ҳарфҳои заррин боқӣ мемонанд. 

Ҳамин тавр, барпо шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон истиқлолияти онро боз ҳам устувор гардонид ва аз оғози марҳалаи нав, яъне фазои хушҳолӣ ва зиндагии орому осуда башорат дод.

Хушбахтона ҳоло Тоҷикистон ба як кишвари зебо ва орому осуда табдил ёфта, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ як давлати мустақил ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ эътироф гардидааст. 

Аз фазои тинҷию оромии Ватан ҳамагон нафаси осудаву осоишта мекашем, вале ҳеҷ кадомамон, бахусус ҷавонон набояд фаромӯш созем, ки то расидан ба ин рӯзҳои нек чи қадар сахтиҳову рӯзҳои сангин паси сар шудаанд. 

Бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки сулҳ неъмати бебаҳотарин аст ва ҳифзу пойдории он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Махсусан дар шароити ниҳоят мураккаби имрӯза, ки ҷомеаи ҷаҳониро низоъҳои дохилию сиёсӣ ва таҳдиду хатарҳои дигар, ки ҷанбаҳои ниҳоят мураккабу печида доранд, фаро гирифтааст.

Замоне расидааст, ки ҳамагон камари ҳиммат баста, барои ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ беш аз пеш сарҷамъу муттаҳид бошем, сиёсати созандаи роҳбари давлатро, ки воқеан Тоҷикистонро ба ояндаи боз ҳам ободу дурахшон хоҳад бурд, дастгирӣ намоем.

Ҳамзамон чеҳраҳои воқеии бадхоҳони миллатро, ки ҳанӯз ҳам фаъолияти ифротгароёнаашонро бар зидди сулҳу истиқлоли Тоҷикистон идома дода истодаанд, шиносем ва нагузорем, ки сарзамини зебову оромамонро зери ҳадафу ниятҳои нопокашон қарор диҳанд.

Дар охир ба кулли ҳамватанон 23-юмин солгарди ҷашни Ваҳдати миллиро самимона табрик намуда, барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва хонадони ҳар тоҷикистонӣ сулҳу суботи пойдору устувор орзу менамоям.


Мудири бахши назорати Суди Олӣ

Азиззода Х.Ш.



Бозгашт ба рӯйхат