НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР РУШДУ ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 соҳибистиқлолиро ба даст овард ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуд.

Баъди соҳибихтиёр гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар душманони миллат ба гуруҳбозӣ ва мансабталошӣ дода шуданд, ки ин ҳолат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.

Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ зиндагии осоиштаи мардум халалдор гардида, одамони зиёд ҳалок гардиданд ва ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, зарари ҷиддӣ расонида шуд. Мардуми осоишта хонаву манзили худро тарк карда, дар кишварҳои ҳамсоя гуреза шуданд.

Моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷумҳурӣ заминаи устувор гузошт.

Дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хушбахтона нияти сулҳҷуёнаи мардум мусоидат намуд ва Ҳукумати конститутсионӣ таъсис ёфт ва фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати тоҷикон интихоб гардиданд.

Маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳо ва ҷасорату шуҷоати Президенти кишварамон ҳокимияти давлатӣ барқарор шуда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба кори худ барои таъмини амният ва қонуният шуруъ намуданд.

Дар сатҳи давлатӣ, дар давлатҳои дуру наздик сиёсати мусолиҳаи миллӣ ва гуфтушуниди байни тоҷикон шурӯъ шуд. Дар натиҷаи чандин даври музокирот ва гуфтушунид байни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гуруҳи мухолифини тоҷик, ки дар шаҳрҳои Ашқобод, Теҳрон, Алмаато баргузор шуданд ва оқибат 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гардид. Бо шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мардуми тоҷик тавонист, бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшад.

Имсол ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 23 сол сипарӣ мешавад, ки дар ин муддат решаҳои Ваҳдати миллӣ дар кишвар мустаҳкам гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комёбиҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи махсуси худро пайдо кард. Пояҳои истиқлолияти давлатӣ, сол то сол қавитар гардида, дар ин замина расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар зина ба зина амалӣ шуда истодаанд.

Пойдории давлат ва бақои он, ҳаёти орому осоиштаи мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳимояи манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини волоияти қонун ба адолати судӣ низ вобастагӣ дорад.

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва баракати ваҳдати миллӣ имрӯз ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амал карда, дар ин ҷода дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мақоми марказиро ишғол менамояд. Мустақилона, босалоҳият ва бидуни дахолати мақомоти дигар фаъолият намудани судҳо имкон фароҳам меоварад, ки адолати судӣ ба маънии томаш таъмин гардида, сатҳу сифати ҳифзи ҳуқуқи шахсият баланд бардошта шавад. Бешубҳа чунин воқеият дар таърихи пойдории ҳокимияти судии кишвар падидаи муҳим ба ҳисоб меравад.

Бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки барои рушду таҳким ва таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ заминаҳои устувор гузоштанд. Бевосита ин барномаҳо маҳсули истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мебошанд.

Тибқи ин барномаҳо қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ, қонунҳо «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», дар таҳрири нав қабул карда шуданд, ки барои такмили сохтори судӣ, фаъолияти судяҳо ва дар маҷмуъ, барои таҳкими ҳокимияти судӣ мусоидат карда истодаанд.

Дар доираи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки чорумин барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, бо назардошти рушди ҷомеа механизми ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, баррасии саривақтии парвандаҳо, иҷрои санадҳои судӣ ва ба низоми электронӣ гузаштани коргузории судҳо тадриҷан ташаккул ва таҳким ёфта истодаанд.

Таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ арзанда мебошад.

Шаҳодати ин гуфтаҳо 21 ноябри соли 2019 баргузор шудани мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мебошад, ки барои рушди минбаъдаи ҳокимияти судӣ аҳамияти муҳим дорад. Бояд қайд кард, ки ҳадафи баргузории ин мулоқот пеш аз ҳама таҳлилу баррасии натиҷаҳои фаъолияти кормандони мақомоти судӣ ва нақшу мавқеи ин шохаи ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеа мебошад. Дар ин мулоқот Пешвои миллат натиҷаҳои фаъолияти кормандони мақомоти судиро дар давраи аз соли 2009 то соли 2019 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар барои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ, беҳтар намудани таъминоти моддию техникии судҳо, такмили қонунгузории соҳа ба хотири баланд бардоштани нақши суд дар таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тадбирҳои муҳиму мушаххасро роҳандозӣ кардааст.

Аз ҷумла, биноҳои маъмурии судҳои шаҳру ноҳияҳои Роғун, Шаҳристон, Шамсиддини Шоҳин, Кӯшониён, Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор, Варзоб, Ванҷ, Шуғнон, Балҷувон, Восеъ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Данғара ва суди иқтисодии вилояти Хатлон аз нав сохта, қариб ҳамаи биноҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои дигар таъмири асосӣ ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуданд.

Инчунин, ҳоло корҳои сохтмонӣ дар биноҳои нави Суди Олӣ, судҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад.

Имрӯз шукр мекунем, ки дар давлати биҳиштосоямон зери парчами сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, зиндагӣ дорем. 

Мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишвари азизамон расем ва дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем.


Мутахассиси пешбари

бахши иттилооти Суди Олӣ         

Исмоилзода Ш.Ш.



Возврат к списку