НИШАСТИ МАТБУОТӢ

20 июли соли 2020 дар Суди Олӣ нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 баргузор гардид.
Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён доир ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2020 ба таври мухтасар ахборот пешниҳод карда шуд.
Қайд гардид, ки дар ин давра Суди Олӣ, Суди ВМКБ, судҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар фаъолияти худ муқаррароти Конститутсия ва қонунҳоро ба роҳбарӣ гирифта, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини қонунияту адолат дар ҷомеа корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.
Дар нимсолаи якуми соли 2020 ба судҳо дар маҷмӯъ 73382 парванда ва дархосту пешниҳодҳо ворид гардида, аз ин шумора 65507 адади онҳо моҳиятан баррасӣ карда шуданд.
Аз шумораи умумии парвандаҳои дар марҳилаи якум баррасигардида 6418 ададро парвандаҳои гражданӣ, 19419 ададро парвандаҳои оилавӣ, 4387 ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 25385 ададро парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 6237 ададро дархости мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва Хадамоти иҷро ташкил медиҳанд.
Дар марҳилаҳои кассатсионию назоратии Суди Олӣ, судҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе аз рӯи шикояту эътирозҳо 3661 адад санадҳои судӣ мавриди санҷишу баррасӣ қарор гирифтанд.
Бекоршавии қарорҳои судӣ дар маҷмӯъ 128 адад ё 0,19% -ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 75 санади судӣ ё 0,08% кам шудаст.
Риоя нагардидани муҳлати баррасии парвандаҳо бо 145 парвандаҳо ҷой дошта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 адад кам мебошад.
Аз ҷониби судҳо 322 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба вайрон кардани талаботи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардида, нисбати 319 шахс ба маблағи умумии 1405490 сомонӣ ҷарима татбиқ шудаст.
Шумораи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба риоя накардани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 8517 ададро ташкил дода, нисбати 3203 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбати 4140 нафар ба маблағи умумии 666455 сомонӣ ҷазои ҷарима таъин карда шудаст.
Баҳри иҷрои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 237 парванда вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор баррасӣ карда шуда, аксарияти ҳукмҳои судии бо ин парвандаҳо қабулшуда бо иштироки судяҳо дар байни аҳолӣ муҳокима гардиданд.IMG_7924.JPG
Ҷиҳати иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» судяҳо дар давраи ҳисоботӣ 220 адад парвандаҳои хусусияти коррупсионидоштаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бо мақсади иҷрои «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030», баланд бардоштани мақоми қонун дар ҷомеа ва тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром ба қонун нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ тасдиқ гардида, мавриди иҷро қарор дорад.
Дар самти ташвиқу тарғиби қонунҳо ва пешгирии қонуншиканиҳо аз ҷониби шаҳрвандон чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
Судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо дар маҷмӯъ тавассути телевизион ва радио 1321 маротиба баромад карда, бо аҳолӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳо, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ 4441 вохӯрию мулоқотҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дар рӯзномаву маҷаллаҳо 553 хабару мақолаҳо ба нашр расонида, дар 28 конфронсу семинарҳо иштирок намуданд.
Ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ 7 барномаи ҳуқуқии «Мурофиа» таҳия гардида, тариқи шабакаи «Телевизиони Тоҷикистон» пешкаши тамошобинон карда шудаст.
Инчунин тариқи шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» бо иштироки судяҳои ҷумҳурӣ 14 маротиба барномаи «Ҳуқуқи Шумо» ва 18 барномаи «Додгоҳ», ки ба кору фаъолияти мақомоти судӣ дахл дорад, таҳия ва пахш гардидаст.
Дар давраи ҳисоботӣ 7626 парвандаи гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ шуданд.
Бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳо, сабабу шароитҳои вайронкунии қонун, судяҳо ҳангоми баррасӣ намудани парвандаҳо ҳар як ҳолатҳои мазкурро мавриди муҳокима қарор дода, баҳри бартараф намудани камбудиҳо дар маҷмӯъ 10691 таъиноти хусусӣ бароварданд.
Ҳамзамон, бо мақсади ҷорӣ намудани таҷрибаи ягонаи судӣ дар маҷмӯъ 361 ҷамъбасти амалияи судии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро гузаронида, дар натиҷа ба вазорату идораҳо ва мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 616 пешниҳодҳо ирсол намуданд, ки баҳри риояи бечунучарои қонунҳо, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо мусоидат менамоянд.
Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби судяҳои Суди Олӣ 47 лоиҳаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, барои такмили онҳо ба мақомоти дахлдор таклифу пешниҳоди зарурӣ ирсол карда шудаст.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ду маротиба дар як ҳафта ба роҳ мондани қабули шаҳрвандон, дар нимсолаи якуми соли равон бевосита аз ҷониби Раиси Суди Олӣ 801 нафар муроҷиаткунандагон қабул карда шуданд.
Дар рӯзҳои корӣ бошад, аз ҷониби муовинони Раиси Суди Олӣ ва раисони коллегияҳои судӣ 28 нафар шаҳрвандон қабул карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба Суди Олӣ, судҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе 2445 адад шикояти шаҳрвандон ва эътирози назоратии прокурорҳо ворид гардиданд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 507 адад ё худ 17% кам мебошанд. Аз миқдори умумии шикоятҳо 2032 адад ё 83%-и онҳо бо омӯзиши 1079 парванда ҳаллу фасл гардида, боқимонда 413 шикояту эътирозҳо мавриди баррасӣ қарор доранд.
Суди Олӣ баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ҳар як мақолаву муроҷиатҳои дар воситаҳои ахбори омма нашргардидаро мавриди омӯзиш қарор дода, аз натиҷаи баррасии онҳо дар 12 ҳолат ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма ҷавобҳои муфассал ирсол намудаст.
Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ дар 6 давра 124 нафар кормандони соҳа ба такмили ихтисос ва бозомӯзии қонунҳои амалкунанда фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора 73 нафарашон судяҳо ва 51 нафарашонро кормандони дастгоҳҳои судҳо ташкил медиҳанд.
IMG_7926.JPGҲамзамон бо мақсади аз байн бурдани камбудию норасогиҳои дар фаъолияти судяҳо ҷойдошта ва беҳтар намудани кори мақомоти судӣ судяҳо вазифадор карда шуданд, ки:
- ҳангоми баррасии парвандаҳо ба кашолкорӣ роҳ надода, барои дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун баррасӣ ва таҳия намудани санадҳои судӣ, саривақт омода гардидани протоколҳои маҷлиси судӣ ва ба тарафҳо супоридани қарорҳои судӣ, инчунин назорати иҷрои қарорҳои судӣ тамоми тадбирҳоро андешанд;
- бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, алалхусус ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ ва коррупсионидошта, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, инчунин ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат равонагардида, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ тақвият бахшанд;
- ҷамъбасти амалияи баррасии парвандаҳои оилавӣ вобаста ба фарзандхондӣ, маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ, парвандаҳои гражданӣ вобаста ба баҳсҳои меҳнатӣ ва парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба худкушӣ расониданро гузаронида, баҳри бартараф кардани камбудиҳо ва андешидани чораҳои зарурӣ ба мақомотҳои дахлдор пешниҳодҳо ирсол намоянд;
- ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодии инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассиса, қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар мамлакат чораҳои зарурӣ амалӣ намуда, арзу шикоятҳои воридгардидаро тибқи талаботи Қонун «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» баррасӣ намоянд.

Бахши иттилооти Суди Олӣ


Возврат к списку