ИСТИҚЛОЛИЯТ

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намудааст.
Беназиртарин дастоварди сиёсии халқи шарифи ҷумҳурӣ дар таърихи Тоҷикистони навин, ин соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ мебошад. Дар замони басо мушкил ва муқовиматҳои сиёсӣ Иҷлосияи дувуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд.
Дар ин санади таърихи эълон гардидани соҳибистиқлолӣ, ҳанӯз «соҳибистиқлолӣ дар доираи салоҳияти Иттиҳоди Шӯравӣ» маҳсуб мешуд. Яъне, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави худ ҳамаи масъалаҳои ҳаётан муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро, ба истиснои масъалаҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дода мешуданд, мустақилона ҳал мекард.
Ин вазъ дар изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) аз 9 сентябри соли 1991 қабул шуда буд, чунин баён гардидааст: «Тағйироти инқилобиро дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ба назар гирифта, кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри ба он дохилшавандаро оиди аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ эҳтиром намуда … мувофиқи Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, Шӯрои Олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад».
Маҳз, дар асоси изҳороти қабулшуда Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур донист, ки қарори махсуси худро «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намояд ва матни Изҳороти Шӯрои Олиро дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул донад. Қабул шудани ин ду санади таърихӣ ба таври ҳатмӣ зарурати такмили Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо менамуд.
Бо дарки ин амри воқеӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори алоҳида қабул намуд. Дар ин рӯзи таърихӣ, яъне 9 сентябри соли 1991 тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд ва дар натиҷа воқеияти истиқлолияти Тоҷикистон ба сатҳи меъёри конститутсионӣ расонида шуд.
Ҳамон тавре ки аз баррасиву таҳлили асноди ҳуқуқии мазкур маълум мегардад, андешаи истиқлолхоҳӣ дар тӯли як сол дар ҳолати такомули бисёр ҷиддӣ қарор гирифта, ниҳоят то ба сатҳи эътирофи истиқлолияти воқеии ҷумҳурӣ расид ва омили муайянкунандаи пешрафти ҷомеаи озоду комилҳуқуқи имрӯзаи мо гардид.
Таърихи навини давлатдории мо дар як давраи пурфоҷиа ва сарнавиштсози будан ё набудани давлати Тоҷикистон, таъмини сулҳу субот, ризоият ва ваҳдати миллӣ, марҳалаи омодасозии заминаҳои гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми комилан нав, хулоса солҳои гузоштани таҳкурсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, давлатдории навини тоҷикон ва мустаҳкам намудани пояҳои он буд.
Ҳамагон шоҳиди он мебошем, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мо – мардуми Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар оғози даврони истиқлолият бо таъсири бархе аз нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ кишвари мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва он боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, хисороти бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гардид, ки ин ҳама появу рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонида, дар кишвар беқонуниятӣ ва дигар бесомониҳоро ба вуҷуд овард.
Дар чунин шароити душвори сиёсӣ шаҳрвандони ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ ба воситаи вакилони худ дар мақоми олии намояндагии кишвар масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ифода намуда, ба он ноил гардиданд, ки ба хотири барқарорӣ ва пойдории асосҳои давлатдорӣ, таҳкими шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардад.
Дар он замон Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, миллат, Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, вазъи сиёсиву иқтисодии кишварро бо дурнамои рушди ояндаи он дар Иҷлосияи XVI муайян намуд.
Шӯрои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб кард. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат аз лаҳзаҳои нахустини фаъолият дар ин мақоми барои сарнавишти миллат ва давлат басо пурмасъулият барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ раҳо бахшидани кишварро ба миён гузошт.
Таърихии начандон зиёд пас аз истиқлолият собит намуд, ки роҳи муайянкарда ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алтернативаи дигар надоштааст ва таърихи давлатдории навини тоҷикон ин ҳақиқатро бори дигар ба хубӣ собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерӯи солиму тавоно буда, худи ин мардум қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад ва обрӯву нуфузи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳифз намояд.
Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодии инсону шаҳрванд, бори нахуст дар таърихи давлатдории навин Конститутсияи нави мамлакатро (6 ноябри соли 1994) бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар иртибот ба арзишҳои олӣ, аз ҷумла ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шудаанд.
Бори нахуст дар таърихи навини кишвар Конститутсия имконияти инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон намуда, ҳуқуқи шаҳрвандон ва иштироки онҳоро дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дарҷ намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии ҷумҳуриро таҳким бахшида, аз роҳи эътирофи Президенти ҷумҳурӣ ба сифати Сарвари давлат ва Раиси Ҳукумат таъсиси ҷумҳурии навъи президентиро муайян кард.
Ҳамин тариқ, таҳия ва қабули нахустин Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон ва се маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он марҳалаҳои гуногун ва хеле мушкилу махсусро сипарӣ кард. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми сиёсии даврони муосир бунёд гузошт. Бояд гуфт, ки низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия бо риояи арзишҳои дигари умумибашарӣ барои рушди ояндаи кишвар мусоидат хоҳад намуд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар низоми судӣ низ ислоҳоти ҷиддӣ анҷом дода шуд. Ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақил ва ҷудогонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Фаъолияти мақомоти судӣ бар асоси талаботи замон ва меъёрҳои асноди байналмилалӣ танзим гардида, мустақилияти судяҳо бо меъёрҳои конститутсионӣ таҳким бахшида шуд. Барои амалӣ гардонидани адолати судӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ соли 1993 бо Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи июни соли 1994 судҳои ҳарбии гарнизонҳо ташкил ёфтанд. Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ нисбат ба судҳои ҳарбии гарнизонҳо бевосита марҳалаи болоии судӣ ба ҳисоб меравад.
Бо дарназардошти он, ки мақомоти судӣ ба ҳайси рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шудааст, марҳалаи аввали ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ оғоз гардида, вазифаҳои ҳокимияти судӣ ба таври мушаххас дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат муқаррар карда шуд.
Дар иртибот ба ин масъалаҳо бояд зикр кард, ки Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназар гирифтани аҳамият, нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон пайваста таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ як қатор санадҳои ҳуқуқие қабул гардиданд, ки заминаҳои қабули онҳо ислоҳоти конститутсионӣ буда, ин аснод ба тақвият бахшидани фаъолияти мақомоти судӣ нигаронида шудаанд.
Дар раванди ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар сохтори судии кишвар судҳои конститутсионӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис дода шуда, қонунҳои соҳавӣ, кодексҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, оила, меҳнат ва ғайра қабул гардид, оиди муҳлати ваколати судяҳо аз панҷ сол ба даҳ сол тамдид ёфта, шумораи судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо низ зиёд карда шуданд.
Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Қурбонализода Зафар Қурбонали
Сардори шуъбаи коргузорӣ ва қисми махсуси Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ



Бозгашт ба рӯйхат