ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА МАҚОМИ ЗАН

Бо шарофати сиёсати собитқадамонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари соҳибистиқлоли мо бонувон мақому мартабаи хоса дошта, озоду комилҳуқуқ мебошанд ва таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Таваҷҷуҳи сатҳи олии сарвари давлат ба масъалаи баланд бардоштани мақому мартаба ва мавқеи занон дар ҷомеа, ба вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ ҷалб намудани бонувони фаъолу лаёқатманди ҷумҳурӣ боиси сарфарозиву нишоти кулли бонувони кишвар мебошад. Доир ба ин масъала Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни чандин баромадҳои хеш иброз доштанд: “Мо минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти мамлакат доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб мекунем”.

Ҷумҳурии мо дар байни давлатҳои ИДМ кишваре мебошад, ки бештар аз ҳама, ба мақоми зан аҳамият дода, Консепсияи байналмилалии ҳуқуқҳои сиёсии занонро тасдиқ намудааст. Имрӯз бонувон баробари мардон дар сиёсат ва идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо самаранок фаъолият доранд. Масъалаи баробарии гендерӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Таҷрибаи имрӯза нишон медиҳад, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон бонувон бо дарки бештари масъулият дар корҳои сиёсӣ ва сохторҳои идории кишвар аз уҳдаи вазифаҳои худ ба хубӣ мебароянд. Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро нигоҳ доштанд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли Гурдофаридҳо устувор истоданд ва дар таҳкими рукнҳои давлат, сулҳу суботу ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд.

Дар тӯли таърих занони боиродаву дурандеш, хирадманду закӣ ва боистеъдод бо ҳидояту пайкори хеш тавонистанд зиндагии худ ва атрофиёнро мунаввар карда, ба замону ҳамзамонон исбот намоянд, ки маҳз ақлу заковат, иродаву фазилат ва маърифату фарҳанги хонадории зан сутуни давлат ва пойдевори зиндагии ҳар хонадонро побарҷо месозад. Дар ҷомеае, ки зан мақоми созандаву зиндагии шоиставу солим ба сар дошта бошад, он кишвар дар рушду тараққист. Дар воқеъ, зан оинаи оила ва миллат аст. Қалби пурэҳсоси зан саршори меҳру вафост.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунандаи кишвар на танҳо баробарҳуқуқии занро кафолат медиҳанд, балки барои бонувон, вобаста ба масъалаи таҳсил, меҳнат, тандурустӣ ва таъминоти иҷтимоӣ имтиёзҳо низ муқаррар намудаанд.

Ҷиҳати амалисозии ин кафолатҳо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 "Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" қабул гардид, ки барои тадбирҳои таъмини фаъолияти бонувон дар кулли сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ хидмати сазовор намуд. Дар ин санади муҳим таъкид мегардад, ки ин амал на танҳо барои озодии бонувон, балки барои солимии ҷомеа, солимии насли нави миллат ва маҳфуз доштани генофонди халқи мо бениҳоят муҳим мебошад. Ба сохторҳои давлатӣ тавсия гардид, ки мутобиқи қобилияту истеъдод ва салоҳияти касбашон бонувонро ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ, вазоратҳо, корхонаҳои давлатӣ, макотиби олӣ ва дигар муассисаҳои маориф пешбарӣ намуда, аз ҷумла, як муовини роҳбари ин коргоҳҳо ҳатман аз ҳисоби бонувон таъин карда шаванд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо" марҳалаи нави муҳим дар бобати таҳкими ҳукуқи зан дар ҷомеа гардида, ҳуқуқҳои занонро дар соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ таҳким бахшид.

Дар заминаи таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар шумораи занону бонувон дар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ аз ҷумла ҳокимияти судӣ бештар гардиданд. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 6 марти соли 2015 дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар ва эълон гардидани соли 2015 “Соли оила” баён гардидаанд, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017, №158 “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” қабул карда шуд, ки дар доираи он як қатор корҳои муайян анҷом дода шудааст.

Чун дар остонаи истиқболи Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон қарор дорем, ба фаъолияти занони тоҷик дар ҷомеа, ки ҳамчун сиёсатмадор, эҷодкор, омӯзгор ва тарбиятгару масъули оила хидмати шоиста мекунанд, муваффақиятҳо орзу намуда, ба ҳар яки онҳо тансиҳативу хонаободӣ таманно дорам.

Ҷашни Истиқлолият муборак занону бонувони шоистаи Ватан!

 

Раупова Манзура Турсуновна
Муовини директори
Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ


Бозгашт ба рӯйхат