ИСТИҚЛОЛИЯТ АСОСИ БУНЁДИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи санаҳои муҳимтарини таърихӣ ва миллии мо бузургтарин ва муқаддастарин ҷашн ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди аҳамияти ин санаи тақдирсоз чунин ибрози андеша намудаанд; «Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихиеро фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».
Бояд қайд кард, ки халқи тоҷик дар тӯли 29 соли соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангю маънавӣ соҳиб гардида. Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр шинохта шуд.
Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра пеш аз ҳама расидан ба ваҳдату оштии миллӣ, таъмини сулҳу оромӣ, ҳифзи якпорчагии марзу буми аҷдодӣ ва аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон мебошад. Зеро бе ваҳдату якпорчагӣ бунёди давлати озод, амалӣ сохтани орзуву ормонҳои таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои ояндасоз ғайриимкон буд.
Истиқлолият ва бунёди давлати миллӣ ба ҳам робитаи пайваста дошта, бидуни ҳамдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Маҳз истиқлолият поя ва имконияти бунёди давлати миллиро фароҳам меорад. Аз рӯи адолат бояд гуфт, ки тамоми дастовардҳои даврони истиқлолият бо ному пайкори хастанопазир ва ҷонфидоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи қавӣ доранд. Бидуни муболиға Пешвои миллатро метавон меъмор, бунёдгузори давлати соҳибистиқлол ва миллии тоҷикон ҳисобид.
Раванди таҳкими истиқлолият ва бунёди давлатдории миллии тоҷиконро метавон ҳамчун марҳалаи бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол маънидод кард.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таъсиси ҳокимияти давлатӣ, шохаҳои он ва рукнҳои идоракунии давлат дар роҳи таҳкими истиқлолият ва бунёди давлати муосири тоҷикон яке аз роҳу василаи муҳим ва калидӣ ба ҳисоб мерафт. Муҳимтарин вазифа дар ин роҳ ин тарҳрезии низоми идораи давлат ва бунёди механизми идоракунии мамлакат буд. Баъд аз барқарор шудани Ҳукумати конститутсионӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки ба барқарорсозии фаъолияти фалаҷгаштаи мақомоти давлатӣ хотима бахшида, ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ба роҳ мондани муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистон равона шуда буданд.
Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ қабул шудани қарорҳо «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тасдиқи Низомномаи нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳодати он буд, ки ташаккули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон баъд аз Эъломияи соҳибистиқлолӣ аз 24 августи соли 1990 ва Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 ба марҳилаи нав ворид гардид.
Яке аз масъалаҳои муҳим ва асосие, ки дар оғози истиқлолият ба миён омад ин интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идоракунӣ, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат буд.
Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустини худ ҳамчун Сарвари давлат роҳ ба сӯи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро интихоб намуда, дар ин ҷода азму талоши беандоза намуданд. Сарвари тозаинтихоби давлати тоҷикон ҳанӯз дар Муроҷиатномаи худ аз 12 декабри соли 1992 иброз намуда буданд, ки асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан зарур аст.
Бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни давлатҳои пасошӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда, 6 ноябри соли 1994 ба тариқи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи худро қабул намуд ва он аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ яке аз панҷ Конститутсияи беҳтарини дунё эътироф гардид. Маҳз Конститутсия роҳи интихоби халқи Тоҷикистонро дар ҷодаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муайян ва мушаххас намуда, онро ба расмият даровард ва Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлол ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Қадами дигари хеле муҳим дар роҳи давлатсозӣ ва давлатдории миллӣ ин ба вуҷуд овардани низоми мутобиқ ба талаботи замони нав ҳуқуқии ба ҳисоб меравад. Таҳияи низоми нави ҳуқуқӣ ҳамчун таҳкурсии бинои давлати мустақилӣ миллӣ, роҳу василаи эъмори он, заминаи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ғоявӣ ва дар маҷмӯъ тантанаи демократия, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, фароҳам овардани шароиту имкониятҳо барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид.
Дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки ба сулҳу амнияти давлаҳо хатарҳои зиёде таҳдид менамоянд, ҳифзи истиқлолият вазифаи асосии ҳар як кишвар маҳсуб меёбад.
Аз ин рӯ Пешвои миллат дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзӣ ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортару пурмасъулият аст.
Сарвари давлати тоҷикон иқдомҳои муҳим ва тақдирсозро роҳандозӣ намуда, дар роҳи таҳкими истиқлолияти ғоявӣ, маънавӣ, иқтидори мудофиавии кишвар ва таъмини якпорчагии он хизматҳои шоиста намуданд.
Эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, забон, фарҳанг, дину мазҳаби аҷдодӣ ва дигар арзишҳои миллӣ дар ҷодаи таҳкими истиқлолияти ғоявии кишвар иқдомҳои муҳими дигари Пешвои миллат мебошанд.
Хушбахтона ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як давлати орому осуда табдил ёфта, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯ ва эътибори баланд гардидааст, ки бевосита маҳсули истиқлолият мебошанд. Ин дасовардҳо шаҳодати онанд, ки кишвари мо давра ба давра ба комёбию музаффариятҳои назаррас ноил гардида, дар роҳи расидан ба рушди бемайлони иқтисодию иҷтимой ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Биноба ин ба қадри истиқлолияту, озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи Пешвои миллатро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан, сиёсати оқилонаю, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан, истиқлолияти давлатиро ҳифз кардан ва саҳм гузоштан дар ҷодаи таҳкими пояҳои давлати миллӣ қарзи инсонӣ, виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.
Дар фароварди сухан халқӣ тоҷикро бо ҷашни муқаддаси миллӣ, яъне 29-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар кадоми онҳо саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар кору фаъолияташон комёбиҳо таманно дорам.

Ҳусейн Назарзод
Сармутахассиси Раёсати омори судии Суди Олӣ


Бозгашт ба рӯйхат