ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

Ба даст овардани Истиқолияти комили давлатӣ сарчашмаи муттаҳидӣ ва сарҷамъии миллат ба шумор рафта, дар даврони он умр ба сар бурдан ва аз фазои тозаву орому осуда нафас гирифтан хушбахтии инсону зиндагист. Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шуда, таҷрибаи сулҳофарии он манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гаштааст.
Бояд гуфт, ки Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастовард аст, ки бисту нуҳ сол муқаддам ба халқи тоҷик муяссар гардида, аз оғози марҳилаи нав башорат дод. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ ва барои мардуми тоҷик сарнавиштсоз нимаи аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваста, 9-уми сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллату давлат ва пешрафти ояндаи Тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Тавре равшанфикрон зикр менамоянд: «Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд».
Бояд бигӯем, ки бо шарофати Истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ расида бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир беш аз пеш ба иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ ниёз дорем. Вобаста ба ин масъала ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки чунин таъкид намудаанд: “Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд”.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, якҷоя хатари коҳиш ёфтани ин ҳаракатҳои номатлубро пешгирӣ намуда, барои пешрафти Ватани азизамон саҳми худро гузорем.
Хушбахтона дар даврони бисту нуҳ соли соҳибистиқлолӣ ватани маҳбуби мо – Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, дар роҳи расидан ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум қадамҳои устувор гузошт.
29 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдӯсту фарҳангсолори мо маҳсуб ёфта, бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллиамон мебошад. Имрӯз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат, ки нерӯмандтарин муҳофизи Истиқлолияти кишвар мебошанд, мардуми Тоҷикистон озодона, дар фазои сулҳу ваҳдат бо сари баланд зиндагӣ ва меҳнат мекунанд. Миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ дар баробари дигар халқиятҳои олам ҳуқуқу овози баробар дошта, ҳуввияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.
Аз ҳама бузургтарин мувафаққияти халқи тоҷик дар солҳои истиқлолия барқарор шудани сулҳи комил ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст, ки онро ҳар як сокини ин кишвар бояд чун гавҳараки чашм пос дорад.
Тавре маълум аст, ҳанӯз ҳам гурӯҳҳои манфиатҷӯ, сулҳу суботу оромии кишвари моро намехоҳанд ва ба ҳар восита кӯшиш карда истодаанд, ки амнияти ҷомеаро халалдор созанд. Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки баҳри ҳифзу пойдории сулҳу субот ва ваҳдату ягдигарфаҳмӣ бо ниятҳои неку созанда камари ҳиммат баста, зери сиёсати сулҳпарваронаву инсодӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳрисазовор истиқбол гирифтани ҷашни сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду пешрафти ватани маҳбубамон саъю талош намоем.

Фарзона Ғафурзода
Сармутахассиси бахши иттилооти Суди Олӣ


Бозгашт ба рӯйхат