Истиқлолият вожае ба ҳисоб меравад, ки муқаддас ва арзиши волои миллиро дар худ таҷассум намудааст. Ин ганҷинаи пурарзиш ба осонӣ ба даст наомада, дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии мардуми Тоҷикистон муяссар шудааст.
Бисту нуҳ сол муқаддам, яъне 9 сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон падид омад, ки ҳоло истиқлолияти он аз ҷониби қариб 200 давлати ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф карда мешавад.
Мояи ифтихори мост, ки имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои СММ дар радифи парчамҳои дигар давлатҳои ҷаҳон парафшонӣ менамояд. Агар ба маънои аслии ин вожа нигарем маънои аслии мафҳуми Истиқлолият ҳамчун истилоҳ рафтори озодона, мустақилона ва бомантиқ доштан дар муҳити мамлакати обод мебошад. Аз мавқеи муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ бошад, истиқлолияти давлат санади эътироф намудани он аз ҷониби кишварҳои дигар ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аст.
Бояд гуфт, ки маҳз дар даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Ин дастоварди муқаддас барои халқ рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти истиқлолияти давлатиро чунин баён намудаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».
Яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ якдилона аз ҷониби халқ пазируфтани Конститутсия мебошад, ки зиндагии осуда ва хурраму озодро барои халқ кафолат дод. Инчунин ҳуқуқу озодиҳоро шаҳрвандонро оид ба таҳсил истироҳат, ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ, иштироки озодона дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ муқаррар намуд.
Кенҷазода М.Т.
Судяи Суди Олӣ
.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
