ШИНОСОИИ РАИСИ СУДИ ОЛӢ БО ФАЪОЛИЯТИ СУДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

WhatsApp Image 2025-12-30 at 12.03.58.jpeg

30 декабри соли 2025 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, дар доираи сиёсати пайгиронаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба ҳокимияти судӣ, ҷиҳати таҳкими адолати судӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳокимияти судӣ, ба суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд.

Раиси Суди Олӣ бо шароити моддиву техникии суд, тартиби ташкили фаъолияти судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, инчунин бо раванди баррасии парвандаҳо аз наздик шинос шуданд.

WhatsApp Image 2025-12-30 at 11.50.26 (1).jpeg WhatsApp Image 2025-12-30 at 11.50.51.jpeg

Таъкид гардид, ки фаъолияти судҳо бояд ҳамеша ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини адолат ва волоияти қонун равона карда шавад.

WhatsApp Image 2025-12-30 at 11.50.26 (2).jpeg WhatsApp Image 2025-12-30 at 11.50.26.jpeg WhatsApp Image 2025-12-30 at 11.50.25.jpeg


Бозгашт ба рӯйхат