ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН

Рӯзҳои 16–17 апрели соли 2026 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон давраи омузишии минтақавӣ вобаста ба масъалаҳои кӯмаки байналмилалии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон баргузор гардид.

photo_2026-04-17_12-11-05 (2).jpg photo_2026-04-17_12-11-04.jpg
Дар чорабии мазбур судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбониён С.А. иштирок ва суханронӣ намуд. 

photo_2026-04-17_12-11-05 (3).jpg
Дар семинари мазкур, инчунин судяҳо, прокуророн ва муфаттишон аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат варзида, доир ба таҳкими иқтидори амалӣ дар самти таҳия, ҳамоҳангсозӣ ва иҷрои дархостҳо оид ба кӯмаки байналмилалии ҳуқуқӣ вобаста ба парвандаҳои марбут ба савдои одамон муколама намуданд.

photo_2026-04-17_12-11-05.jpg
Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар чунин ҳамоишҳо барои баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо, омузиши усулҳои муосири дар татбиқи механизмҳои байналмилалӣ ва таҳкими амалияи судӣ аҳамияти муҳим дорад.



Бозгашт ба рӯйхат