16 апрели соли 2026 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П., роҳбарони вазорату идораҳо, кумитаҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Ҷаласаро Раиси Шӯро ифтитоҳ намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти Шӯро дар соли 2025 ва Нақшаи кори он барои соли 2026 маълумот пешниҳод кард. Зимни баррасӣ таъкид гардид, ки самаранокии муқовимат ба коррупсия аз ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ вобастагии мустақим дорад.
Ҳамзамон зикр шуд, ки дар заминаи чунин ҳамкориҳо ҷорӣ намудани механизмҳои муассири назорат, таъмини шаффофият ва баланд бардоштани сатҳи ҳисоботдиҳӣ дар ҳамаи зинаҳо имконпазир мегардад.

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
