ЗАНОН, СУЛҲ ВА АМНИЯТ: ҚАДАМҲОИ НАВ ДАР ТАТБИҚИ НАҚШАИ МИЛЛИИ АМАЛ

Бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Сохтори «СММ-занон» ҷаласаи машваратӣ оид ба баррасии Нақшаи миллии амал ҷиҳати татбиқи қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2026–2029 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Марзия, инчунин намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалӣ иштирок намуданд. Иштирокчиён самтҳои афзалиятноки Нақшаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъалаҳои омодасозии кадрҳо, коҳиш додани осебпазирии занон ба падидаҳои ифротгароӣ, инчунин тақвияти нақши онҳо дар равандҳои бунёди сулҳ, миёнаравӣ ва қабули қарорҳо дар бахшҳои амният ва мудофиа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

FB_IMG_1776485115182.jpg
Дастгирии Сохтори «СММ-занон» дар баргузории ин ҷаласа ҳамчун қадами муҳим дар самти таҳкими ҷойгоҳ ва нақши занон арзёбӣ гардида, барои он замина фароҳам меорад, ки садои занони Тоҷикистон дар рӯзномаи сулҳ ва амният, ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ, боэътимод ва муассир садо диҳад.



Бозгашт ба рӯйхат