ИСТИҚЛОЛИЯТ – НЕЪМАТИ БУЗУРГТАРИНИ ТОҶИКОН

Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин ва боарзиштарин неъматест, ки ҳар як халқу миллат барои ба даст овардани он бисёр ҷонбозиҳоро аз сар мегузаронад. Имрӯзҳо дар рӯйи ҷаҳон қавму қабилаҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки аҳолияшон ба миллионҳо нафар одамон мерасанд, аммо аз ин ганҷи бебаҳо бебаҳраанд. Онҳо доимо дар талоши онанд, ки истиқлолият ба даст оранд ва зиндагии орому осудаеро доро бошанд. Чунки сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳои зиндагии инсоният маҳз истиқлолияту ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.
Истиқлолияти миллӣ орзуи беш аз ҳазорсолаи мардуми тоҷик ба ҳисоб мерафт. Миллати тоҷик дар як замоне истиқлолияти худро ба даст овард, ки дигаргунии сиёсӣ дар фазои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуқӯъ пайваста буд. Яъне Иттҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрда буду ҳар миллат мехост, ки худ мустақилона истиқлолияти давлатии худро ба даст орад. Дар он давру замони мушкилтарини давлатдорӣ миллате, ки дорои истиқлолият буд, метавонист худро дар қатори дигар давлатҳои соҳибистиқлол қарор диҳад ва рушду нумӯъ намояд.
Чун ба гузаштаи дури таърих нигарем, мебинем, ки тоҷикон таърихи бою куҳан доранд. Ҳанӯз дар асрҳои IХ -VII пеш аз мелод аљдодони мо давлатҳои Суғду Бохтар, Порту Марғиёна ва Хоразми Бузургро сомон дода, дар рушди тамаддуни башар ҳиссагузорӣ кардаанд. Дар масири таърих борҳо тавассути лашкаркашиҳо ва ҳамлаҳои бераҳмонаи давлатҳои абарқудрати он давраҳо истиқлолияти худро аз даст дода, боз бо нангу ори тоҷиконаи худ соҳиби давлату миллат ва шукӯҳу шаҳомати ба худ хос гардидаанд. Ҳамлаҳои Ҳахоманишиҳо, Искандари Мақдунӣ, арабҳо, Салчуқиёну Ғазнавиён, Қарахониёну муғулҳо ва Темуриёну манғитиҳо боиси давра ба давра аз байн рафтани давлатҳои куҳан, сарзаминҳои бобоӣ ва ба сарзамини камзамин табдил ёфтани мулки тоҷикон гардид. Ҳамеша ҳисси истиқлолиятхоҳӣ, озодидӯстӣ ниёгонамонро ба корнамоиҳою шуҷоатмандӣ даъват мекард. Мисоли он баъди ба тасарруфи арабҳо хонадонҳои маъруфи ибтидои садаи асри нуҳум Бармакиён, Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён муваффақ гаштанд, ки ба давлату амнияти миллӣ эҳё бахшанд. Абармарди миллат, чун Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ тавонист аз ҳайати Хилофати араб бурун гардад ва давлати мутамаркази соҳибихтиёру миллии тоҷиконро таъсис диҳанд. Маҳз дар ҳамин давра ташаккули халқияти тоҷик ва тамоми унсурҳои он марзи ягона, забони адабии тоҷикӣ ва маданияти ягона ташаккул ёфтанд. Беҳуда нест, ки олимон ин давраи таърихи халқи моро давраи тиллоӣ меноманд. Дар ин давра илму фарҳанги мо бисёр нобиғаҳои нотакрорро, чун Абунасри Форобӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳон Берунӣ, ал-Хоразмӣ, Рӯдакию Фирдавсиро ба тамаддуни башар пешкаш кард.
Бинобар ин соли 1999 мо 1100-солагии таъсиси ин давлатро ҷашн гирифтем, то пояи ифтихори миллӣ ва ҳисси хештаншиносии худро боло барем. Соли 999 давлати Сомониён зери зарбаҳои қабилаҳои турк – Салҷуқиёну Қарахониҳо ва Ғазнавиён аз байн рафт. Ҷилави истиқлоли тоҷикро онҳо рабуданд. Солҳои 60-80-уми асри XIX Русияи подшоҳӣ сарзамини Осиёи Миёнаро забт кард. Дар ин вақт ҳам мардуми заҳматкаши мо зери зулми дутарафа буданд. То муддати ин солҳо халқи тоҷик мехостанд дорои истиқлолияти ягонаи худ бошанд, аммо наметавонистанд. Фақат соли 1924 дар натиҷаи тақсимоти миллию марзии Осиёи Миёна Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии Шӯравӣ аввал чун Ҷумҳурии Мухтор ва аз соли 1929 чун Ҷумҳурии Шӯравӣ арзи ҳастӣ кард. Тақсимоте, ки соли 1924 дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба миён омад, дар таърих бо номи таърихи табартақсим низ мегӯянд. Яъне баъзе аз корҳо бо роҳи зӯроварӣ ба анҷом мерасиданд. Ин зинаи аввали расидан ба истиқлолият баъди сукути давлати Сомониён буд. Лекин ин истиқлоли комил набуд. Ин истиқлолият дар доираи қонунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ амал мекард. Дар ҳайати ин иттиҳод ҳар як ҷумҳурии иттифоқӣ бо иҷозати давлати Шӯравӣ сиёсати дохилиро иҷро менамуданд. Дар тӯли муддати мавҷудияти худ Иттиҳоди Шӯравӣ, алалхусус Тоҷикистон, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ нисбати давлатҳои ҳамсояи хориљии худ ба комёбиҳои беназир ноил гашт.
Дар миёнаи солҳои 80-уми асри ХХ ба вуҷуд омадани вазъи буҳрони сиёсӣ эҳсос карда мешуд. Ҳамаи он шартномаҳое, ки ба имзо мерасиданд, кори худро дар муҳлати муайян ба анҷом намерасониданд. Сарварони давлат сохтори давлатдориро хуб идора намекарданд. Он давлати бузурги Шӯравие, ки аз соли 1922 амал мекарду назираш дар дунё набуд, дигар рушд намекард. Ин вазъияти муташанниҷи давлатро дида, аз солҳои 80-ум сар карда, ҷумҳуриҳои назди Балтика, баъдан Кавказ ва Осиёи Миёна кӯшиши аз Иттиҳоди Шӯравӣ баромаданро карданд.
Мардуми сарбаланди тоҷик аз солҳои 90 –уми асри ХХ сар карда, оид ба истиқлолият ва идоракунии давлат тамоми ҷидду ҷаҳди худро равона карданд. 24-уми августи соли 1990 оид ба соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурӣ эъломия қабул карда шуд. Дар моддаи аввалини ин эъломия чунин омадааст, ки: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд мебошад». Дар баробари ин 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар қатори дигар давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ соҳибистиқлол эълон намуд. Пеш аз ин моҳи декабри соли 1990 анҷумани чоруми Шӯроҳо дар бораи 17 марти соли 1991 гузаронидани раъйпурсии умумииттифоқӣ қарор қабул карданд. Мақсад аз ин қарори қабулшуда ин буд, ки онҳо мехостанд то Иттиҳоди Шӯравӣ дубора барқарор гардад, чунки 71,3 % -и аҳолӣ тарафдори нигоҳ доштани ИҶШС буданд.
19-уми августи соли 1991 дар шаҳри Москва Комитети давлатии фавқулодда таъсис ёфт. Аз 20-уми август сар карда, Ҷумҳуриҳои Украина, Белорусия, Озорбойҷон, Ӯзбекистон, Молдава, Қирғизистон ва дигарҳо худро соҳибистиқлол эълон карда ва аз ИҶШС аввалин шуда баромаданд. Ин маънои амалан аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравиро дошт. 8-уми декабри соли 1991 дар Беловежск (наздикии Брест), сарони давлатҳои Русия, Белорусия ва Украина дар бораи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишнома бастанд, ки дар он 11 давлат ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аъзо шуданд. Худи ҳамон моҳ 25-уми декабр Президенти ИҶШС М.С. Горбачёв аз вазифа даст кашид ва ҳамин тавр, ин давлати абарқудрат, ки муддати 70 сол арзи вуҷуд дошт, аз байн рафт.
Баъди ба вуқӯъ омадани ин воқеаҳои бузург дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъияти сиёсии давлатдорӣ муташанниҷ гашт. Ҳизбу созмонҳои нав барои ҳокимияти давлатиро ба даст овардан талошҳо варзиданд. Дар ин солҳои душвортарини давлатдорӣ ҳар созмони алоҳида даъвои сарвариро мекарданд ва байни мардум корҳои ташвиқотї мегузарониданд. Шумораи гурӯҳҳои ташкилшуда на кам аз 15 ададро ташкил мекарданд. Дар аввал, хусусан, клуби сиёсии «Рӯ ба рӯ», маҳфилҳо ва созмонҳои «Растохез», «Дирафши Ковиён», «Ошкоро», «Эҳёи Хуҷанд», «Бохтар», «Суғдиён», «Пайванд», «Куруши Кабир», «Зарафшон», «Ҳисори Шодмон», «Меҳри Хатлон» ва ғайра аз гурӯҳҳои фаъолтарин ба ҳисоб мерафтанд. Миллати тоҷик дар он рӯзҳои душвортарин қомати худро рост намуда, бори дигар исботи онро кард, ки мардуми шарафманду зафарманди тоҷик ба ҳар коре, ки пешорўяш меояду мушкилоту монеа ба он ворид месозад ба як сарбаландии хосса аз уҳдаи он баромада метавонад. Яъне ҳамаи ин гурӯҳҳоро бо ҳам дўсту тиффоқ намуд ва як истиқлолияти баркамолеро бунёд гузошт, ки назираш дар ҷаҳон ангуштшумор аст. Чунки миллати тоҷик ва халқи Тоҷикистон дар як даврае истиқлолият ба даст овард, ки баъди он ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ омада буд. Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки имрӯз мо мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои беғубори Ватани худ озодона кору фаъолият намуда, зиндагии худро пеш бурда истодаем.
Агар бигӯем, ки истиқлолияти давлатии мо барои мо тамоми шароитро муҳайё намуд, хато нахоҳем кард. Чунки ин неъмати худодод моро, пеш аз ҳама, дар ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол муаррифӣ намуд, ки ин дастоварди бузурги таърихии миллати тоҷик ба шумор меравад. Гузаштаи марҳилаи навини давлатдориамон бори дигар собит намуд, ки халқи тоҷик соҳиби давлати мустақил будани хешро бахти бузург дониста, онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз менамояд. Зеро бо шарофати истиқлолияти давлатӣ баъд аз ҳазор сол асолату ҳуввияти миллӣ, таърих ва забону фарҳанги миллӣ, суннату арзишҳои неки миллии халқи тоҷик эҳё ва пойдор гардид ва мо тоҷикон дар ин баробар ба рамзҳои давлатии худ –Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, ки нишонаҳои асоси давлати соҳибистиқлолро ташкил медиҳанд ноил гардидем.
Бояд гуфт, ки дар таърихи миллати мо боз як бори дигар собит гардид, ки мардуми босавод ва бофарҳанг ҳеҷ гоҳ ҳамватанашро ба ҷангӣ ҳамватанӣ тела намедиҳад, балқи ҳамчун наҷотбахши миллат ҳифз мекунад. Маҳз дар ҳамин рӯзҳои ҳассос сиёсати сулҳпарваронаи мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти оқилу донояш аз ҷониби кишварҳои мутаррақии дунё дастгирӣ ёфт. Нофаҳмиҳои дохилӣ ва байналмилалӣ аз байн рафта, муносибати давлат ва шаҳрвандонаш дар асоси қонунҳои ҷорӣ ҷараён гирифтанд.
Ҳамин тавр, миллати мо тавонист, ки дар натиҷаи саъю талоши зиёди зиёиёнаш дар атрофи давлати худ боз ҳам зичтар гардад, пешвоёнашро ба ҳам орад ва онҳоро кафили сулҳу ваҳдат гардонад. Дар ин бобат шоири барҷастаи миллати тоҷик Лоиқ Шералї дар бораи якдил гардидану ба ҳам омадани ин миллати куҳанбунёду сарбаланд ва аз миллатчигӣ ба миллатсозӣ даъват намудани халқи тоҷик хуб гуфтааст:

Пас, биё даст ба ҳам додаву паймон созем,
Дар баду нек ба ҳам будаву даврон созем.
Дар ҳарими диламон маъбади имон созем,
На шимолӣ, на ҷанубӣ, яке Инсон созем!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи дастовардҳои миллатро бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мебинанд ва оғози истиқлолияти тоҷикро аз барпо гардидани Инқилоби Октябр медонанд. Дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» хеле хуб гуфтаанд, ки мазмунаш чунин аст: «... Инқилоби Октябр ба мардуми мо умеду умри дубора бахшид. Халқи тоҷик баъди ҳазор соли аз байн рафтани сулолаи Сомониён боз соҳибдавлат шуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи вуҷуд кард.
Инқилоб Тоҷикистонро соҳиби ҳудуд кард ва аз зери фишори бадхоҳонаш озод намуд, барои мардум танг ҳам бошад, майдони кор ва эҷоду фаъолият муҳайё сохт. Оҳиста-оҳиста дар воҳидҳои нообод ва кӯҳистонҳои дурдаст, деҳаҳо ва шаҳру ноҳияҳои обод бунёд гаштанд. Мактабу маориф ва илму фарҳанг босуръат инкишоф ёфт. Фарзандони халқи тоҷик бо мададу дастгирии бародаронаи олимони русу украин ва дигар халқҳо дар кашфи нодиртарин соҳаҳои илм ангуштнамо шуданд. Вале ба назари мо, аз ҳама муҳиммаш он буд, ки дар ин даврон забони тоҷикӣ аз нав ҷон гирифт ва тавассути софкории адибону олимон, заҳмати пайвастаи зиёиён хеле суфтаву ҷолиб гашт. Эҳсоси ифтихор ва худшиносии миллати тоҷик қувват гирифт»
Ҳамин тариқ, Истиқлолияти давлатӣ барои мо яке аз ганҷинаи волотарин ва пурарзиштарин ба ҳисоб рафта, мо мардуми шарафманди тоҷик аз дилу ҷон ва бо як меҳру муҳаббати беандозаи ватандорӣ барои пойдору устувор мондани ин неъмати худовандӣ тамоми саъю талошамонро равона месозем. Чунки тамоми пешравиҳову комёбиҳои миллатамон, бе ягон шакку шубҳа, ба истиқлолият робитаи зич дорад.


Шуҳрат Саидзода
Сармутахассиси Раёсати
омори судии Суди Олӣ


Бозгашт ба рӯйхат