5 январи соли 2026 дар шаҳри Душанбе, ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти судҳои ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва суди шаҳри Душанбе доир гардид.
Муовини Раиси Суди Олӣ муҳтарам Раҷабзода Ҳ.Н. натиҷаи фаъолияти судҳои шаҳри Душанберо таҳлил намуда, оид ба бартараф намудани норасоиву камбудиҳои ҷойдошта ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати баамалбарории адолати судӣ дастуру ҳидоятҳои лозиммаро пешниҳод намуд.
Таъкид гардид, ки судҳои пойтахт, бояд такя ба меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузории амалкунанда, фаъолияти худро ба таври муназзам ба роҳ монда, барои баррасии саривақтии парвандаҳо ва таъмини шаффофият дар фаъолияти судҳо тадбирҳои амалӣ андешиданд.
Дар оянда низ судҳои шаҳри Душанбе бо эҳтиром ба анъанаҳои адолати судӣ ва бо нигоҳ ба фардо, ҷиҳати ҳифзи устувори ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба низоми судӣ саъю талоши худро идома хоҳанд дод.



.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
