Имрӯз, 9 январи соли 2026, дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Раёсати Суди Олӣ вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар ҷаласа ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ муҳтарам Ализода З., Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Мирзозода Р.П., муовинони Раис, судяҳои Суди Олӣ, инчунин раисон, муовинони судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо ва судҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаи таҳлили натиҷаҳои фаъолияти судҳо дар соли 2025 ва муайян намудани вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2026 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси Суди Олӣ, муҳтарам Мирзозода Р.П., дар суханронии худ ба дастовардҳои асосии низоми судӣ дар давраи ҳисоботӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, масъалаҳои риояи қатъии талаботи санадҳои қонунгузорӣ, таъмини принсипи конститутсионии дастрасӣ ба адолати судӣ ва баррасии саривақтӣ ва босифати парвандаҳоро муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки новобаста аз пешравиҳо ва ҷамъбасти соли 2025 бо нишондиҳандаҳои мусбат, дар баъзе самтҳои фаъолияти судӣ ҳанӯз ҳам камбудиҳо ҷой доранд, ки бартараф намудани онҳо дар нимсолаи якуми соли 2026 тадбирҳои фаврӣ ва масъулиятнокро талаб менамояд.



.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
