Имрӯз, 12 январи соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд.
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозхонд намудани Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин ва Ғуломзода Сафарбек аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташон, инчунин дар бораи интихоби Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин, Ғуломзода Сафарбек, Сафарзода Маҳинабону, Раҳмонзода Икром ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нурализода Одил ба вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардиданд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони суди ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур, Мурғоб, Шаҳристон, Вахш, Рашт, Ховалинг, Норак, Рӯдакӣ таъин карда шуданд.
Тағйироти кадрӣ, ҳамчунин дар сатҳи муовинони раисони ҳокимияти судӣ, судяҳои судҳо ва судҳои иқтисодии вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишвар амалӣ гардид.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суҳбат онҳоро ба иҷрои масъулият бо садоқат ва софдилӣ, хизмати виҷдонона ба нафъи давлат ва халқи Тоҷикистон, таҳкими адолати судӣ, волоияти қонун ва ҳифзи манфиатҳои давлату шаҳрвандон ҳидоят карданд.





.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
