Имрӯз, 12 январи соли 2026, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. пас аз ба имзо расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раисон, муовинон ва судяҳои навтаъиншуда суҳбат намуд.
Зимни қабули мазкур Раиси Суди Олӣ вобаста ба баланд бардоштани масъулияти касбӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ, таъмин намудани адолати судӣ ва таҳкими волоияти қонун изҳори назар намуд.
Таъкид гардид, ки судяҳо бояд дар фаъолияти худ мустақилият, беғаразӣ ва садоқат ба савганди судягиро роҳнамои асосӣ қарор диҳанд.
Дар фарҷом ба раисон, муовинон ва судяҳои навтаъиншуда дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ комёбиҳо таманно карда шуд.





.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
